МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳамчунин онҳо, метавонанд, ки матнро ба қисмҳо ҷудо карда, вазифаҳои асосӣ ва фаръии хонданро муайян намоянд. Онҳо хондани шеърро ёд гирифта, онро муассир қироат мекунанд.
Дар синфи 5 дониш ва тасаввуроти онҳо дар бораи шеър ва навъҳои он меафзояд. Махсусан, савияи хониш ва таҳлили онҳо боло меравад. Мақсади дарси мазкур аз хондани муассири пораҳо аз достони Мирзо Турсунзода «Чароғи абадӣ» малакаҳои хонандагонро такмил дода, маҳорати хондан ва таҳлили матни асарро ба онҳо омўзонидан иборат аст. Ҳамчунин онҳо, бояд ҳангоми хондан ифода карда тавонистани махсусиятҳои бадеии асарро ёд гиранд ва алоқамандии мундариҷаю шаклро ошкор карда тавонанд.
Омўзиши амиқ ва хониши муассири ин асари Мирзо Турсунзода дониши хонандагонро дар бораи зиндагӣ васеъ карда, ҳисси халқпарварию ватандўстиро дар онҳо инкишоф медиҳад.
Дар ин замина ҳамон вақт комёб мешавем, ки агар таъсири маънавӣ ва ҳиссии асари адибро ба хонанда гузаронида тавонем, агар шеър барои хонандагон ифодагари эътиқоди шахсӣ ва хостҳои ахлоқии онҳо гардад.
Хониши муассири шеърро кори синфии пешакӣ ҳамроҳӣ мекунад. Ин амалро то оғози хондан анҷом додан муҳимтар аст. Муаллим ба хонандагон вазифа месупорад, ки дар асоси он бояд онҳо ба як қатор саволҳо ҷавоб гуфта, бо махсусиятҳои ғоявӣ ва бадеии асар ошно шаванд.
Супориш метавонад чунин бошад:
- Матнро хонда, ба лавҳаҳо ва ҷузъиёти ҳар калима эътибор дода, алоқаи ҷузъҳои алоҳидаро бо маънии воҳид муайян намоед.
- Дар бораи мавзўъ ва ғояи асар андеша намоед.
- Ҷавоб ҷустан ба саволҳои:
а) маънии пораи шеъриро чӣ тавр ифода мекунед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё