Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар худи мафҳуми поэтика “таҷриба ва назария”-и шеърият ба ҳам меояд. Донишманди рус В.В.Виноградов бар ин назар аст,ки поэтика “ҳамчун илм дар бораи шакл, намуд, воситаҳо ва усулҳои офариниши асари бадеӣ, дар бораи сохти намудҳо ва жанрҳои офаридаҳои бадеӣ на фақат ҳодисаҳои поэтикаи забониро фаро мегиранд, балки тарафҳои гуногуни сохтори шаклии осори адабӣ ва адабиёти шифоҳиро низ дар бар мегиранд”.
Ин андеша дар бораи осори адабӣ ва таҳлилу арзёбии он ва усулҳои таълими он ҳанӯз ҳам арзишманд мебошад.
Масалан, дар заминаи дастурҳои назарии ин донишманд дар вақти таҳлили асари бадеӣ омўзгор бояд образи асар, ғановати ғоявию бадеӣ ва тафовути онро аз “ман”-и муаллиф фарқ кунад. Дар ин усули таҳлил пайванди маънии поэтикӣ ва шакли сохтории ифодаи он ниҳоят муҳим аст. Дар ин равиш бояд ба эътибор гирифт, ки яке аз масъалаҳои муҳими поэтикаи муосир мушкилоти ҷузъиёти сохтории осори бадеӣ мебошад. Дар ҳақиқат, поэтика ҳамаи намудҳо ва шаклҳои адабиро дар инкишоф ва такомули таърихии онҳо фаро мегирад ва ва осори бадеиро дар сатҳи сохторию назарӣ, таърихию муқоисавӣ, таърихӣ, ҳамчунин, татбиқию муқоисавӣ арзёбӣ мекунад.
Ҳангоми таълими адабиёт бояд дар назар гирифт, ки таҳлили поэтикӣ, пеш аз ҳама, бар он нигаронида шавад, ки дар маводи бадеӣ низоми муайянеро, ки гурўҳи усулҳои собити эҷодии адиб бошад, дарёбад ва ба хонанда дастрас гардонад.

пешина
аз 344
навбатӣ