Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин тарзи хониш барои синфҳои 5-6 ва ҳатто 7 низ хеле муҳим аст. Вай барои ба қисмҳо ва пораҳо қисмат кардани асар ёрӣ мерасонад ва кадом қисм ё пораро бо кадом тобиш хонданро меомўзад.
Вақте ки дар бораи ба қисмҳо тақсим кардани асар сухан кардем, хоҳу нохоҳ масъалаи ба нақша гирифтан ба миён меояд. Зайли намуна мо усули тартиб додани нақшаи достони Абдулқодири Бедил «Комде ва Мадан»-ро аз назар мегузаронем.

  1. Комде дар дарбори шоҳи Ҳиндустон.
  2. Шуҳрати Комде ва ба дидори ў расидани Мадан.
  3. Туҳфаи шоҳро зери пои Комде андохтани Мадан 4. Ғазаби шоҳ бар Мадан.
  4. Раҳоии Мадан аз тарафи шоҳи одил.
  5. Марги Комдею Мадан ва зинда шудани онҳо.
    Сарҳади ин қисмҳо кадом аст? Мундариҷаи ҳар яке аз ин қисмҳо аз чӣ иборат аст ва чӣ гуна тобиш дорад? Хониши ин достон тақозо мекунад, ки онро ба шаш қисмат тақсим кунем. Ҳар қисмат вобаста ба мазмунаш ва тобиши маънавиаш ба тарзи хос хонда мешавад. Азбаски ин достон маънии амиқи фалсафӣ дорад, аз назари ҳунари шоирӣ низ афзалиятҳои хос дошта, кор дар болои он хеле душвор аст.
    Омўзгоре дар ин кор муваффақ мешавад, ки хонандагонро тадриҷан ба хондан ва таҳлили он омода намудааст.
    Дар синфи 7 хонандагон андўхтаҳои синфҳои пешинаро бояд такрор намоянд.
    Бояд гуфт, ки агар аҳли синф алифбои хониши бадеиро донад, дарсро метавон аз рўи хондани шеър ва наср гузаронд ва мавзўи онро баррасӣ карда, муносибати адибро бо мабдаи тасвир равшан кард. Сипас, нақшаи асарро муайян намуда, дар як вақт ба хониши бадеӣ ва таҳлил машғул бояд шуд.
    Барои намуна шеъри Лоиқ Шералӣ «Корези Фирдавсӣ»-ро мегирем.
пешина
аз 344
навбатӣ