Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Намуди сеюм ба такмили фаъолиятмандии хонанда равона карда мешавад, ки барои донистани хусусияти бадеии усулҳои омўзиши адабиёт ва беш аз он шинохти осори ҳунарӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, дарки амиқи асари бадеӣ аз ҷониби хонандагон натиҷаи таъсири судманди ҷараёни таълими донишомўзон мебошад. Ҳамчунин, мебояд масъалаи давраҳои азхудкунии асари бадеиро мувофиқи талаботи зинаҳои омўзиш ба миён гузошт. Дар зинаи аввал ва ё ибтидои омўзиши асар шитобкорӣ, ҷудоӣ аз дарки хамзамонӣ ва кўшиши натиҷагирии пеш аз вақт хатарнок аст.
Дар дарсҳои муқаддимавӣ ва ҳадафманд, махсусан, таҳлили равишманд муҳим буда, шавқи хонандагонро афзун месозад. Дар зинаи дуввум ҳангоми таҳлили образҳо ва лаҳзахои муҳиму хотирмони матни асар ва ё сатрҳову байтҳои шеърро тавсир ва шарҳ медиҳанд, омўзгор онхоро ба дарёфти маънии амиқи муаллиф ва маънии мушахас ва умумии образҳо, ҳамчунин, хусусияти сабки муаллиф ва идроки фардӣ, фаъолсозии малака ва тавоноии мактаббачагон сафарбар менамояд. Мутаносибии давраҳои омўзиш бо зинаҳои азхудкунӣ ин ба ҳисобгирии воқеии имконоти равонии хонанда дар таълим ва тадриси куллии фанни адабиёт мебошад. Омӯзгор хонандаро аз лаҳзаҳои ибтидоии шинохти асар то дарки амиқ, ки бояд фаҳмиши ҳиссиётомези осори бадеӣ ҳифз шавад, раҳнамоӣ мекунад. Ба се зинаи омӯзиш қисмат кардани азхудкунии матн аз он ҷиҳат муҳим аст,ки дар зинаи аввал муносибати андешидашуда ба асари бадеӣ муайян ва дар зинаи дуввум худи матн таҳлил мешавад ва дар заминаи саввум нисбат ба кори анҷомгирифта натиҷагирӣ шуда, бо усули хулосабарорӣ ва ҷамъбасткунӣ омӯзгор, тавоноӣ ва малакаи таҳлилгарии хонандагонро такмил мебахшад.

пешина
аз 344
навбатӣ