МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Андарзҳое, ки Луқмон ба писари худ додааст, дар Қуръони карим омадааст. Дар тафсирҳо низ аз суханони ў истифода кардаанд. Андарзҳои зер аз ҷумлаи машҳуртарин суханони Луқмон аст:
«Эй писар, дунёи худро ба охират бифурўш то аз ҳар ду суд карда бошӣ. Эй писар, аз ёри бад бипарҳез, ки ҳамчун шамшер аст, манзаре зебо ва асаре зишт дорад. Эй писар, мабодо, ки мўр аз ту зирактар бошад, ки ў дар тобистон қути зимистонро ҷамъ оварад (ва ту ғофил бошӣ).
Эй писар, мабодо, ки хурўс аз ту зирактар бошад, ки ў саҳаргоҳон бонги тасбеҳ бароварад ва ту дар хоб бошӣ. Эй писар, аз дурўғ бипарҳез, ки он аз гўшти гунҷишк дилпазиртар намояд. Эй писар, худованд дилҳои мурдаро ба нури ҳикмат зинда мекунад, чунон ки заминро ба борон шодоб ва зинда мефармояд. Эй фарзанд, ба султон дар ҳангоми хашму ба дарё дар вақти мад наздик машав.
Эй фарзанд, парҳезро сармоя соз то бе ҳеҷ бозаргоне туро судҳо бозоварад.
Эй фарзанд, бо он кас, ки корозмуда аст, дар корҳо машварат кун, ки ў раъю андешаеро, ки худ гарон харидааст, ройгон ба ту арза намекунад.
Эй фарзанд, он ки мегўяд бадиро бо бадӣ метавон фурў нишонд, дурўғгўст, агар рост гўяд, ду пора оташ барафрўзад ва сипас бингарад, ки оё яке аз он ду метавонад дигареро фурў нишонад. Некӣ аст, ки бадиро дафъ метавон кард, чунон ки ҷуз об оташро фурў наменишонад»...
Чеҳра ва ҳикматҳои Луқмон дар саросари адабиёти мо ҷойгоҳи хос дорад. Адибони мо нафақат ба номи ў масал мезананд, балки аз андарзу ҳикматҳо ва ривоёти ахлоқии ў фаровон иқтибос кардаанд.
Инак, пораҳоеро аз ҳикоёте, ки дар бораи Луқмон дар осори адибони мо омадааст, нақл мекунем.
Аз «Гулистон»-и Саъдӣ:
Луқмонро гуфтанд: Адаб аз кӣ омўхтӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо