МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Сайфуддавла мавриди авф қарор гирифт ва Масъуд дар зиндон боқӣ монд ва фаромўш шуд ва муддати даҳ сол аз беҳтарин солҳои зиндагии худро дар қалъаҳои «Су», «Даҳак» ва «Ной»
гузаронид.
Ҳафт солам бисўхт сую Даҳак, Пас аз онам се сол қалъаи Ной.
Ҳабси Масъуд бештар ба туҳмат ва саъояти рақибон ва ҳосидон будааст. Яке аз ин саъояткунандагон шоири муосири ў (Абулфараҷи Рунӣ) буда, ки ҳарчанд дар назди Масъуд эҳтироми хос дошта, аммо дар бораи Масъуд ба бадзабонӣ пардохта, ба тавре ки ўро дар назари подшоҳ андохтааст.
Зоҳиран забони фасеҳ ва баёни шевои Масъуд муҷиби ҳасодат ва саъояти бадгўён будааст.
Булфараҷ, шарм н-оядат, к-аз хубс Дар чунин ҳабсу бандам афкандӣ.
Ба эътиқоди шодравон Ғуломризои Ёсимӣ, шоире ба номи Рошидӣ беш аз ҳама ба тирарўзӣ ва бадбахтии Масъуд даст задааст.
Ҳар он қасида, ки гуфтиш Рошидӣ як моҳ, Ҷавоб гуфтам з-он бар бадеҳа ҳам ба замон.
Агар на бими ту будӣ, шаҳо, ба ҳаққи худой, Ки Рошидиро бифкандаме зи ному нишон.
Рошидӣ нақиби дарбор буда ва Масъуд дар девони худ ду бор аз ў таъриф ва тамҷид карда, аммо хашми вай нисбат ба Рошидӣ ба воситаи бадзабонӣ ва саъоияти ин шоир дар бораи Масъуд рўй додааст.
Масъуд дар қалъаи «Даҳак», ки шарҳи он хоҳад омад, таҳти назар қарор гирифт ва дар муддати ҳабс дар ин қалъа аз тафаққуди Алии Хос, ки яке аз муқаррабони султон буд, бархурдор мешуд. Пас аз Даҳак боз ҳам ба саъоияти ҳосидон ба қалъаи «Су», ки хориҷ аз Ҳиндустон буд ва бандгоҳе саъб ва сиёҳчоле махуф дошт, мунтақил шуд. Дар ин зиндон, ки ҳамеша банд бар пой дошт, бо мунаҷҷиме ба номи Баҳромӣ ошно шуд ва илми нуҷумро аз ў фаро гирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо