Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мар туро ҳеҷ бок н-омад аз он-к Нуздаҳ сол будаам бандӣ.
Гуфтаанд: пас аз раҳоӣ аз ҳабс узлат гузид ва дигар мадҳе нагуфт ва ба муҷоҳидат ва муноқибат пардохт ва ба ирфон рўй овард. Аммо медонем, ки Масъуди Саъд аз соли 500, яъне пас аз ҳабс то поёни ҳаёт, симати китобдории султон Масъуди савум ва баъд аз ў ҷонишинаш Шерзод бини Масъуд ва Арслон бини Масъуд ва Баҳромшоҳ бинни Масъудро ба ўҳда дошт ва ононро мадҳ гуфт ва дар камоли тақарруб мезист, то соли 515, ки дар синни 80 даргузашт.
Масъуди Саъд каломе расо ва сухане шево дошт. Ў ба се забон-порсӣ, ҳиндуву тозӣ шеър месуруд ва дар ҳар се забон соҳиби девони шеър буд, ки албатта, аз ашъори ҳиндии ў асаре барҷой намонда ва аз ашъори тозии вай чанд байте дар даст аст, аммо девони шеъри порсии Масъуд, ки шомили шонздаҳ ҳазор байт аз қасида, маснавӣ, қитаъот, тарҷеъот, мусамматоту ғазал ва рубоӣ аст, имрўз мавҷуд мебошад.
То зодаам, эй шигифт, маҳбусам, То ҳаст магар ки вақт зиндонам?
Масъуди Саъд дар бештар абёти қасоид ба зиндонҳои худ ишорат дорад, хоса зиндони Ной ва Маранҷ, ки дилтангиҳо ва ғурбатгазойиҳои ў аз ин ду банд, беш аз Суву Даҳак будааст.
Иттиҳоми Масъуд илова бар бадзабониҳои рақибон, ҳамкорӣ ва ҳамнавоии вай бо Сайфуддавла буд, ки дар пинҳонӣ алорағми майли падараш Иброҳим сар ба Салҷуқиён хуш кард ва бо Маликшоҳ мукотиба дошт ва дар ҳақиқат ин иттиҳом бўҳтони сиёсӣ буд ва қалъаи Нойу Маранҷ бандихонаи касоне буд, ки туҳмати сиёсӣ доштанд. Ин буҳтони сиёсӣ аз саъояти ҳосидон ва бадгўйии суханчинон гармии бештар гирифт ва султон Иброҳимро, ки марде сахтгиру бегузашт буд, ба узли писараш ва ҳабси ўву ёронаш мусаммам сохт. Гарчи муҳаққиқон ҷойи қалъаҳои маҳалли ҳабси Масъудро ба дурустӣ наёфтаанд, аммо махофат ва ҳавлангезии ин ҷойҳоро дар лобалои ашъори Масъуд дармеёбем.

пешина
аз 344
навбатӣ