Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин сабаб баёни фикр ва нутқи хонандагон ниҳоят заиф ва хушк буда, равон ва мантиқӣ нест. Омилҳои ба ин вазъ гирифтор шудани ҷомеа гуногун аст ва бештар ба истифода нагардидани роҳу усулҳои самараноки таълим, аз мутолиаи асарҳои бадеӣ дур шудани афроди ҷомеа, риоя нагардидани меъёрҳои гуфтугўии забони адабӣ ва истифодаи шеваҳои гуногун алоқаманд мебошад.
Корҳои хаттӣ марбут ба адабиёт навъҳои гуногун доранд, ки аз инҳо иборат мебошанд: аз рўи матн мураттабсозии нақша ва фикри хонанда, навиштани ҷавоби хаттӣ ба саволҳо, рўйнависи қисмати матн ва ё иқтибоси асар, тавсифнома, мақола, тезис, тақриз, маърўза, реферат, кори курсӣ, рисолаи хатм, кори дипломӣ, нақли хаттӣ ва иншо. Аз ҳама навъҳои кори хаттии адабиёт иншо ва нақли хаттӣ ҷойгоҳи намоён ва нақши босазо доранд.
Иншонависӣ ҳамчун усули санҷиши савод дар таърихи маорифи тоҷик танҳо баъди Инқилоби Октябр шурўъ шуд.
Ҳарчанд ҳунари навиштанро аҷдодони мо давоми асрҳо ривоҷ додаанд ва қимати онро аз ифодаву баён муҳимтар ҳисобидаанд, тарзу роҳи иншонависиро дар алоҳидагӣ дар барномаҳои мактабу мадрасаҳо таълим надодаанд. Дар ин робита Масъуди Саъди Салмон таъкид намудааст:
Навиштан зи гуфтан муҳимтар шинос, Ба гоҳи навиштан ба ҷо ор ҳуш.
Муназзам ва мантиқӣ хондани матни асар ба хонанда имконият медиҳад, ки фикрашро дуруст баён кунад, услуби нигориш ва малакаи далеловариро тақвият бахшад, мушоҳидакорӣ, тавлиди андеша, ангезаи зеҳн, малакаи хониши бошууронаро инкишоф диҳад ва дар маҷмўъ дониш ва савод омўзад. Дар муайян ва дарк намудани усулҳои инкишофи малакаҳо, мақсад ва вазифаҳои навишт омўзиши забону услуби асарҳое чун «Ҷомеъ – ул – ҳикоёт», «Самаки айёр», «Бўстон» - у «Гулистон» - и Саъдӣ аз манфиат холӣ нест.

пешина
аз 344
навбатӣ