Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои хуб баромадани иншо метавон аз унвони асарҳои ҷудогонаи ин шоирон ва ашъори шоирони машҳур ёдовар шуд.
Ҳамин тавр, интихоби мавзўъ ва ёфтани калимаи калидӣ қадами аввалин аст дар кори навиштани иншо.
Мазмуннокии иншо
Масъалаи дигари муҳим интихоби лаҳза ё воқеа аст.
Барои иншо вақти кам ҷудо мешавад. Довталаб бояд дар муҳлати маҳдуд лаҳзаи зарурӣ, муҳимро, ки хислати асосии қаҳрамон ё маънии асарро хуб ифода карда метавонад, пайдо намояд. Чунончи, барои ин ки мавзўи «Эҳтироми падар» дар романи К. Мирзоев «Дар орзуи падар» кушода дода шавад, мо бояд ҷараёни ҳодиса, мақсади нависандаро хуб донем. Ин лаҳзаҳо кадомҳоянд?

  1. Таваллуди Меҳрубон ва шодии қаҳрамон; 2. Риштаи мустаҳками байни аъзои оила; 3. Ғуссаи падару модар аз бемории фарзанд; 4. Ба ҷустуҷўи падар баромадани фарзанд; 5. Азоби бепадарӣ; 6. Риштаи ногусастании оилавӣ, ки новобаста ба душвориҳо Меҳрубонро боз ба назди падар овард.
    Агар иншо дар мавзўи «Таърихи муҳаббати Евгений Онегин» бошад, чунин лаҳзаҳои муҳими муҳаббати онҳоро ба ёд меорем:
  2. Ишқ ҳамчун ҳисси нозуки инсонӣ;
  3. Шиносоии қаҳрамон бо оилаи Татяна Ларина, таассуроти Онегин аз вохўрӣ бо Татяна;
  4. Мактуби Татяна ва руҷўи Онегин;
  5. Саҳнаи ҳунар ва дуэл;
  6. Эҳёи қаҳрамон;
  7. Вохўрӣ дар Санкт - Петербург;
  8. Вохўрии охирин.
пешина
аз 344
навбатӣ