МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Як роҳи осони тафтиши савод аз ҷумлаи охир тафтиш кардани иншо аст. Дар ин вақт диққати шумо аз рафти сухан, мазмун дур шуда, танҳо ба хатоҳои имлоӣ равона мегардад.
Ин усул хеле самарабахш аст, бисёр хатоҳои имлоӣ ва грамматикӣ дарёфт мешаванд.
Ҳеҷ гоҳ дар бораи чизе ки намедонед ё хуб намедонед, нанависед.
Калимаҳоеро, ки тарзи навиштанашонро намедонед, истифода набаред, ба ҷойи он калимаи ҳаммаъноро истифода баред.
Адабгуфторӣ накунед, дар ин ҳолат вақтатон ба калимакобӣ мегузарад. Беҳтараш, суханронии калонсолонро ба ёд оред ва тибқи он амал кунед.
Сода ва фаҳмо нависед, кўшиш кунед, ки мазмуни асарро ба ёд оваред, калимаҳои калидии асарро дар ёд дошта бошед ва дар атрофи он бо забони одӣ, фаҳмо ва таъсирбахш андеша ронед. Чизи заминӣ ва асил ҳамеша таъсирбахш аст ва ба хонанда таассуроти нек мегузорад.
Нақли хаттӣ аз навъҳои маъмул ва серистифодаи дарси адабиёт буда, саводнокӣ, шеваи гуфтор, муназзамӣ ва мантиқии каломро устувор месозад, малакаҳои навишт ва нутқи хаттию даҳонии хонандагонро такмил медиҳад.
Вобаста ба хусусияти матн навъҳои нақли хаттӣ ҳикоягӣ, тасвирӣ ва таҳлилӣ буда, ба шакли мухтасар ва муфассал навишта шуда, имконият медиҳад, ки хонанда фикрашро мустақилона дарҷ намояд, малакаҳои навишт, хониши бошуурона, тавлиди андеша, мушоҳидакорӣ ва шарҳи далел ва санадҳоро тақвият мебахшад.
Дар нақли мухтасар ҷузъиёти муҳими матни бадеӣ дарҷ гардида, зимни нақшаи сода тарҳрезӣ мегардад. Дар нақли хаттии мураккаб бошад дар асоси нақшаи муфассал матни бадеӣ ҳамаҷониба таҳлил ва инъикос меёбад. Дар синфҳои 5-
6 мураттабсозии нақшаи нақли хаттӣ бо кумаки омўзгор ва синфҳои 7-8 мустақилона сурат мегирад.
Дар нақли хаттӣ марҳилаҳои зерин риоя мегарданд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо