Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– ҳангоми овардани далелҳо 1-2 ғалати услубӣ дида шавад;
– дар интихоби калима ва ҷумласозӣ 4 ғалати имлоӣ ва 4 ғалати аломати китобатӣ дошта бошад. Ҳангоми баҳо додан ба корҳои хаттӣ - санҷишии хонандагон ҳусни хат, гузориши ҳошия ва ҳаҷми кор пурра ба назар гирифта мешавад. Бинобар ҳамин, агар нақли хаттӣ аз ин ҷиҳат солим башад, ба 9 (нўҳ) ғалат ҳам баҳои «3» гузаштан мумкин аст.

Баҳои «2» ба нақли хаттие гузошта мешавад, ки:
– мазмун хароб буда, аз ҷиҳати ҳаҷм ноқис бошад (ғалатҳои услубӣ, имлоӣ ва аломати китобатӣ содир шуда башанд).
Баҳои «1» ба нақли хаттие гузошта мешавад, ки:
– мазмуни нақл умуман баён наёфта бошад ва хонанда доир ба мавзўи нақли хаттӣ тасаввурот надошта башад.
Баҳо ба мазмуни иншо
Иншо ду хел мешавад: мавзўӣ ва озод. Албатта, ин тақсимоти шакливу мундариҷавист. Зеро ҳама гуна иншо кори эҷодӣ ва заҳмати зиёд металабад.
Меъёри баҳогузарӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва баҳснок аст. Хатоҳо имлоӣ, услубӣ ва китобӣ мешаванд. Дар рўйбардор ё баргардон, ҳатто, донишмандони матншинос иштибоҳ мекунанд ва дар ин бора баҳсҳои байни устодонро ба хотир овардан кофист. Ҳадаф дар навиштан озод буданро талқин намудан аст, на такрор намудани ҷумлаҳои китоби дарсӣ. Албатта, чӣ гуна навиштан аз донишу ҳунар, китобхонӣ, ҷаҳонбинӣ, тарбияи хонанда вабаста аст. Вале иқрор бояд шуд, ки ҳар шогирди солимақл метаванад мушоҳида, андеша, мулоҳизаи худро дошта бошад ва ўро агар озод гузоред, онро баён карда тавонад. Фақат ба ў роҳ нишон бояд дод. Дар ин бобат аз ёд кардан, қолаб гирифтан аз иншоҳои навишташуда ё китоби дарсӣ ба манфиати кор нест. Бояд фаҳмонид ва роҳ нишон дод.

пешина
аз 344
навбатӣ