Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БОБИ 14

КОҲОИ БЕРУН АЗ СИНФ ВА ФОРИҒ АЗ ДАРСИ АДАБИЁТ
Корҳои берун аз синф ва ё берун аз мактаб, яъне фориғ аз таҳсил як ҷузъи муҳими фаъолияти таълим ва тарбия буда, ҳадафи асосии он бунёди тафаккури маънавӣ, фаҳмиши ғановат ва муҳимияти осори адабӣ, инкишофи қобиляти эҷодкорӣ ва завқи зебоишиносӣ, нерумандии фардият, мустақилият ва мустаҳкам намудани дониш ва малакаҳои хонандагон аст. Ташкили корҳои берун аз синф ва берун аз мактаб аз фанни адабиёт ба рушди камолоти маънавию эстетикии хонандагон мусоидат менамояд.
Корҳои берун аз синф ва беруназмактаб аз фанни адабиёт низоми муайян, гуногунҷабҳа ва мураккабро доро буда, дар баргузории онҳо усул ва шаклу воситаҳои мухталиф истифода мешаванд. Қисме аз онҳо , аз ҷумла, чорабиниҳои мактаб, маҳфилҳои адабӣ, хониши мустақилона, хониши беруназсинфӣ, семинару конфронсҳо, мубоҳиса, озмун, викторинаҳои адабӣ, ҷашнҳо ва ғайраҳо дар мактаб баргузор мегарданд. Самти дигари корҳои беруназмактабӣ худфаъолиятии шахсро дар чорабинӣ ва ҷашнҳои таърихии миллӣ, тамошои музей, театр, сайру саёҳат ва мутолиаи фардии асарҳои бадеӣ амалӣ мегардонанд.
Корҳои берун аз синф ва берун аз мактаб аз адабиёт дар фаъолияти рўзмарра (раҳнамоии омўзгор ва мураббӣ, волидон), лаҳзавӣ (хониши мустақилона, хониши муассир, шабнишинӣ, суҳбату мубодилаи афкор, саёҳат, мубоҳиса ва ғайра), муназзам ба нақшагирифташуда (хониши озоди беруназмактабӣ, маҳфил, созмону ташкилот ва ғайра) мураттаб мегардад. Аз ҷониби дигар, корҳои берун аз синф аз адабиёт дар муҳайёсозии муҳити эҷодии хонандагон (озмуни хониши шеър ва хониши муассири наср, озмуни иншои беҳтарин, вохўрӣ ва шабнишиниҳои эҷодиву ҳунарӣ ва таҳияи намоишнома, викторина, мақола ва асари илмиву адабӣ) судманд аст.

пешина
аз 344
навбатӣ