Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БОБИ 15

КАБИНЕТИ МЕТОДИИ АДАБИЁТ
Кабинети методии адабиёт (дар аксар мактабҳо кабинети забон ва адабиёти тоҷик) дар раванди таълиму тарбия аз сохторҳои муҳим, пурмаҳсул ва ёрирасони муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад.
Вазифаи кабинети методии адабиёти тоҷик ташкилу такмили корҳои методӣ, чорабиниҳои гуногуни методӣ, омӯзиш ва ҷамъбасти нақшаи кории солона, баргузории корҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳо, конференсия, рӯзномаҳои деворӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ, олимпиада ва озмунҳои фаннӣ, вохӯриҳо бо падару модарон ва адибон, ёрӣ ба омӯзгорони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорон, табодули таҷрибаи пешқадами педагогӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои муосири илму фановарии педагогӣ ва адабиётшиносӣ, технология ва инноватсия ва иҷрои саривақтии барномаҳои таълимӣ иборат мебошад.
Ҳамчунин, дар кабинети методии адабиёт ба роҳ мондани фаъолияти иттиҳодияи методии фанни адабиёт, ташкил ва гузаронидани дарсҳои асосӣ ва иловагии адабиёт, машғулиятҳои фаннӣ ва санҷишу имтиҳонот ва кор бо хонандагони сустхон судманд ва таъсирбахш хоҳад буд.
Кабинети методии адабиёт дар муассисаи таълимӣ маркази корҳои методии фаннӣ буда, ҳамчун танзимкунандаи дастуру ҳуҷҷати меъёрӣ, барномаҳои таълимӣ, маводу аёният, адабиёти таълимию методӣ ва таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, кабинет бояд бо маводи зарурии фаннӣ, таҷҳизоти муосири технологӣ: магнитофон, телевизор, маҷмўи асбобҳо, дастгоҳи компютерӣ, силсилаи воситаҳои аёнӣ, адабиёти илмию методӣ ва монанди инҳо таъмин бошад.

пешина
аз 344
навбатӣ