Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
арробаҳои вазнин ва олотҳои биринҷии бисёр истифода менамуданд, ки ҳамон вақтҳо ин ба ориёнҳо хос буд.
Ғайр аз ин, ориёнҳо аз тариқи Ҳимолай, Панҷоб ва Кашмир ба
Ҳиндустон рафта расиданд ва онҳо дар Эрони Ғарбӣ ва Эрони Шарқӣ осори
фаровоне боқӣ гузоштанд.1
Аз рӯи навиштаҳои шумерӣ ва ҳарфиёти бостоншиносон маълум мегардад, ки ҳанӯз дар ҳазораи чаҳоруми пеш аз мелод ориёнҳо зиёда аз 32 шаҳри калонро сохтаанд, ки дар ин миён шаҳрҳои ободи Хуросон, ба монанди Марв, Ҳирот, Шош, Балх ва Самарқанд ёдовард карда мешаванд, ки онҳо дорои биноҳои баланди аз хишти пухта сохташуда, сутунҳои аз чӯб кандакорӣ шуда ва сақфҳои чӯбин иборат буданд. Дар гирду атрофи шаҳрҳо барои наҷот аз дуздону ғоратгарон хандақҳои калон меканданд.
Табақаҳои сарватманд барои нигоҳ доштани молу мулки хеш қонунҳоро фикр карда мебаромаданд, ки бо талаботи дини пайдарпай инкишоф ёфта, ҷазоҳои сангинро барои дуздон ва ғоратгарон пешниҳод менамуданд.
Ҳамин тариқ, шаҳрҳо на танҳо маркази доду гирифти молӣ, балки ҳамчун як маркази инкишофи фарҳангӣ ташаккул ёфта, зарурияти пайдоиши шахсиятҳои донишманд, касбҳои ҳисобдорӣ, шаробпазӣ, кулолгарӣ, хазинадорӣ, мушовирӣ ва дигар ҳунарҳо гардида, дар таърихи башарӣ мақоми бузурги фарҳангӣ боқӣ монданд.
Ҷаҳонбинии фалсафӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ бошад дар китоби муқаддаси «Авесто» хеле хуб инъикос ёфта, барои ҳамаи динҳои машҳури ҷаҳон, аз ҷумла буддоӣ, конфутсионӣ, яҳудӣ, насронӣ ва ислом ҳамчун сарчашма шуморида мешавад. Таълимоти Зардуштии манфиати аҳли башарро муқаддас шуморида, адлу инсоф, ҳақиқату ҳақиқатпарастиро асоси хости Худои бузургу оқилу доно мешуморад.
Худои бузург ба инсонҳо дӯсту меҳрубон буда, онҳоро даъват ба амалу кору фаъолият нек намуда, се унсури асосӣ ва муқаддасро дар таълимоти Зардушт ҳидоят менамояд: «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек».
Дигар бартарияти таълимоти ин динро дар инкишофи иқтисодӣ ва роҳбарӣ
1 Х. Назаров Нақши эрониён - тоҷикон дар таърих ва фарҳанги ҷаҳон. Душанбе, 2005с - 492с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё