Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тааллуқ доштаанд. Аз он ҷумла китоби аввалини тарҷумашуда асари «Алқонун»-и Абӯалӣ ибни Сино мебошад.1

Маҳз анъанаи дерини фарҳангии қавмҳои эронӣ буданд, ки дар асри ислом низ ба инкишофи минбаъдаи илму фарҳанг дар хилофати Араб замина шудаанд.
Оиди мавқеъ ва мақоми мардуми тоҷик дар хилофати араб дар мавзӯъҳои гузашта қайд карда будем.

Паёми ахлоқӣ ва хиради роҳбарии бузургони дар боло номбаршудаи тоҷикро ба Шумо, хонандаи азиз, пешниҳод карда, таъкид карданием, ки мақсади асосии мо аз овардани гуфтаҳо ва ривоятҳои бузургон фақат ба хотири дарки масоили хираду хирадмандӣ дар роҳбарӣ мебошад. Агар дар баъзе ҳолатҳо каме аз сарҳад гузашта ё барои баъзе бахшҳои илм нокифоя ибрози андеша намуда бошем, аз хонандаи гиромиқадр узр мепурсем.

АБУАБДУЛЛОҲИ ҶАЪФАРИ РӮДАКӢ
(858 - 941)

Устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд (воқеъ дар П. Панҷакенти имрӯза) чашм ба олами ҳастӣ кушода, ҳамчун асосгузори адабиёти форсу тоҷик эътироф шудааст. Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ овозаи шеърхонӣ ва мусиқанавозии ин тоҷикписар ба тамоми Эронзамин паҳн гардида буд.

Таҳсили илмро Рӯдакӣ дар мадрасаи Самарқанд, ки ҳанӯз дар асри IX ягона маркази илмӣ дар Мовароуннаҳр ба ҳисоб мерафт, гирифта, шеъру сурудхонӣ ва нозукиҳои илми мусиқиро дар ҳамон ҷо омӯхта, тахминан дар синни 34-42 солагӣ ба Бухоро омада, дар дарбори Сомониён то охири умраш ба ҳайси сардори шоирому нависандагони дарбор, ки аз ҳар гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада буданд, хизмат намуда, ҳунари худро сайқал додааст, ки дар ин бора худи шоир мегӯяд:

Имрӯз ба иқболи ту эй мири Хуросон,
Ҳам неъмату ҳам рӯи наку дораму саннод.

Мероси адабии шоирро 1 млн. 300 ҳазор байт таъкид кардаанд, ки наздик
ба 1000 байт дар китоби «Осори Рӯдакӣ» (Сталинобод, 1958) намунаҳои он

1 Акбар Турсун. Эҷуни аҷам. Душанбе, Ирфон. 1984. - с. 83.

пешина
аз 566
навбатӣ