Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

рӯҳии ҳикмат, волоияти адолат ва некӣ чун риштаи сурх мегузарад». Як ҷумлаи хирад ҷолиби диққат аст, дар саросари асар қаҳрамони асосӣ «Одам»
буда, қувваи некӣ ба бадӣ ғалаба менамояд. Дар аксар манбаъҳои таърихӣ Фирдавсиро ҳамчун «ҳаким» низ муаррифӣ намудаанд, ки ин бо маънои «доно, хирадманд, ростгуфтору росткирдор ва фарзонаю ҳирадпеша» омадааст. Ин ав он гувоҳӣ медиҳад, ки Фирдавсӣ аз илми равоншиносӣ, нуҷум, ислом ва сиёсат хеле хуб огоҳ буда, тавонистааст, ки мақоми амирону сарлашкарон, қаҳрамонону халқи оддиро дар як системаи пайвастагии инкишофи иқтисодию ҷомеашиносӣ ва рӯҳшиносӣ нишон диҳад ва асар ҳамчун ганҷинаи хирад ва доной ба ҷаҳониён хизмат намояд, чунки дар ҳар як фаъолияти қаҳрамонони асар донишманди бузург ҳикматеро овардааст, ки дар тарбияи инсонҳо ахлоқ ва фазилат мебошад.

Махсусан, масъалаи тарбия ва ташаккули рафтори неку бад хеле муфассал баён гардидааст. Ба ин васила оиди тарбиятнопазир будани одами бадсиришт шоир чунин таъкид намудааст:
Дарахте, ки талх асли вайро сиришт, Гарш барнишонӣ ба боғи биҳишт В-ар ҷӯи хулдаш ба ҳангоми об Ба бех ангубин резию шаҳди ноб.
Саранҷом гавҳар ба кор оварад, Ҳамон меваи талх бор оварад.

Ё дар байти зерин назари Фирдавсӣ хеле равшан оиди шахси нопок дар иҷроиши корҳо ва вазифаҳо қайд мешавад:
Зи нопокзода мадоред умед, Ки зангӣ ба шустан нагардад сапед.

Дар ҳақиқат банда низ дар зиндагӣ шоҳиди он гардидам, ки нопокзодаеро зиёда аз 15 сол ҳамчун шогирд тарбия кардаму ба мартаба расонидам, дар охир гиребонгирам шуд. Бояд гуфт, ки Саъдии бузургвор низ ба ин маъно ишора кардааст:
Ба кӯшиш гул нарӯяд зи бед, Ки зангӣ ба шустан нагардад сапед.

Ё, дар ҷои дигар Саъдӣ дар ин хусус боз таъкид менамояд:

пешина
аз 566
навбатӣ