Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар таълимоти фалсафии Сино унсури табиӣ мавқеи калон дошта, маърифатшаванда будани дунёи моддӣ, вале маҳдуд будани донишҳои инсониро эътироф намуда, дар айни замон берун аз иқтидори инсонӣ мавҷуд будани қонунҳои воқеии табиатро дар масъалаи марг тасдиқ намудааст:
Дил гарчӣ дар ин бодия бисёр шитофт,
Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.
Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,
В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт.

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди ачал.

Ибни Сино ба қобилияти баланди зеҳнии инсон баҳои баланд дода, дар бораи имконпазирии кӯшиши шахс барои ба қуллаҳои баланди инкишоф расидан менависад:
Майли ман бар мунтаҳои мақсади олӣ бувад,
Пояи поён нахоҳад ҳеҷ гаҳ хотир маро,
Хоҳам ин, ки ворасам то қуллаи мақсуди худ,
Ё ки дар ин роҳ хобонад ачал охир маро.

Донишманди бузург ба нақши меҳнат дар инкишофи одамӣ баҳои баланд медиҳад ва вақтшинос буда, муваққатӣ будани умри кӯтоҳи инсонӣ ва дар ғафлат намондани ҳар як шахсро аз донишу хираду илму илмомӯзӣ, ки сарчашмаи инкишоф аст, таъкид намудааст.
З-он пеш к-аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,
Он беҳ, ки набордат пушаймонӣ хӯрд.
Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, чу он натвон кард.

Сино хислатҳои беҳтарини маънавии инсониро тарафдорӣ намуда, ҳасадбарӣ, пастсиратӣ, дурӯғгӯӣ, худро мӯҳтоҷу дардманд нишон доданро намепарастад. Худро мӯҳтоҷ накарда, пайваста ба меҳнати самаранок машғул

пешина
аз 566
навбатӣ