Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Бияндеш в-он гаҳ баровар нафас,
В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд: Бас.

Суханчиниву дурӯғии роҳбариро шоир ҳаргиз намеписандад:
Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

Қаноату қаноатмандиро шоир ҳамчун фазилати хуби роҳбарӣ шуморида, оид ба ноқаноатмандии баъзе сарватмандон гуфтааст:
Он шунидастӣ, ки дар саҳрои Гур,
Борсолоре биафтод аз шутур.
Гуфт чашми танги дунёдорро,
Ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр.

Дар осори Саъдӣ муборизон, ноҷавонмардон, одамони беҳунару нодон ва нотавонбинон сахт маҳкум карда шудааст:
Ҳунар ба чашми адоват бузургтар айб аст,
Гул аст Саъдиву дар чашми душманон хор аст.

Ҳ Ҳ Ҳ Ҳ Ҳ

Кӣ гуфт, ки дар рӯҳи зебо назар хато бошад?
Хато бувад, ки набинад рӯи зеборо.

Истифодаи самараноки вақт низ дар ашъори Саъдӣ мақоми бузург дошта, доимо ба кам ва ночиз будани умри одамӣ ишора карда, ғанимат донистани онро таъкид менамояд:
Ҳар дам аз умр меравад нафасе,
Чун нигаҳ мекунӣ, намонд басе.
Кунунат, ки имкони гуфтор ҳаст,
Бигӯ, эй бародар, ба лутфи хушӣ.
Ки фардо чу пайки аҷал даррасад,
Ба ҳукми зарурат забон даркашӣ.

Хулоса, асарҳои безаволи шоир, ғазалҳои суфиёнаи ӯ саросар панду насиҳат буда, ҳар як роҳбарро ба қуллаҳои баланди донишомузию хирадмандӣ ҳидоят менамоянд:

пешина
аз 566
навбатӣ