Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

44.3. Донишмандони тоҷик - офарандаи хиради марҳалаи
навини динию илмии инкишофи башарӣ
дар асрҳои XIII-XV

ҶАЛОЛИДДИНИ МУҲАММАДИ РУМӢ
(1207 - 1273)

Ҷалолиддини Муҳаммади Румӣ дар Балх аз оилаи рӯҳонӣ - Баҳоуддинвалад ба дунё омада, номаш Муҳаммад ва лақаби шоириаш Ҷалолиддин аст. Зиракии Ҷалолидини ҷавонро Фаридуддини Аттор пай бурда дар панҷсолагӣ ба ӯ асари бузурги хеш маснавии «Асрорнома»-ро тақдим намудааст. Баҳоуддинвалад баъди зиёрати хонаи Худо дар Рум (Туркияи ҳозира) зиндагонӣ карда, мактаби суфияи худро ташкил медиҳад. Ҷалолиддин мадрасаи бузурги шаҳри Ҳалабро хатм кардааст, ки дар он ҷо аз устодони бузургу донишманди ин мадраса Камолиддин Қосим ва баъдан бо шайх Шамси Табрезӣ шинос шуда, таълим гирифтааст, ки ин таълимот ӯро ба ҷодаи шайхӣ бурда расонидаанд.

Бояд гуфт, ки ғазалҳои шӯрангези Ҷалолиддини Румӣ ва девони шеърҳои ӯ аз номи устодаш Шамс навишта шудааст ва «Шамси Табрезӣ» тахаллуси ӯст.

Асари бузурги Румӣ ин «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки монанди асарҳои дигар донишмандони тоҷик аз ҳикояҳо ва достонҳо иборат буда, дар он ақидаи фалсафии шоир, ҷаҳонбинӣ ва мавқеи динию мазҳабии вай хеле равшану равон нишон дода шудааст.

Ин донишманди тавоно асари бузурги худро дар зарфи зиёда аз 10 - сол дар ҳудуди шаш дафтар таълиф намудааст ва муридонаш онро китобат кардаанд.
Баъзе олимон бар он андешаанд, ки дафтари ҳафтуми ӯ дар шакли нотамом низ вуҷуд дорад.

Яке аз мавзӯъҳои муҳим ва мураккаби ин шоҳасар дину мазҳаб ва бо ин
роҳ таълиму тарбияи мардум аст, чунки шоир хеле хуб халқаш, динаш ва
мазҳабашро мешинохт. Ӯ тавонистааст, ки моҳияти илмии динро равшану возеҳ
ба халқаш таълим дода, илмро ба ҳунар бипайвандад, чунки аз нигоҳи ӯ ҳатто

пешина
аз 566
навбатӣ