Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ОМАДАНИ ПАЙҒАМБАРОНИ ҲАҚ
БА НАСИҲАТИ АҲЛИ САБО1

Сездаҳ пайғамбар он ҷо омаданд,
Гумраҳонро ҷумла роҳбар мешуданд.
Ки ҳала! Неъмат фузун шуд! Шукр гӯ!
Маркаби шукр ар бихуспад, «ҳаррику».
Шукри мунъим воҷиб ояд дар хирад,
В-арна бикшояд дари хашми абад.
Ҳин, карам бинед в-ин худ кас кунад?
К-аз чунин неъмат ба шукре бас кунад?
Сар бибахшад, шукр хоҳад саҷдае,
По бибахшад, шукр хоҳад қаъдае.
Қавм гуфта: «Шукри моро бурд гул,
Мо шудем аз шукру аз неъмат малул.
Мо чунон пажмурда гаштем аз ато,
Ки на тоатмон хуш ояд, на хато.
Мо намехоҳем неъматҳову боғ,
Мо намехоҳем асбобу фароғ».
Анбиё гуфтанд: дар дил иллатест,
Ки аз он дар ҳақшиносӣ офатест.
Неъмат аз вай ҷумлагӣ иллат шавад,
Тӯъма дар бемор кай қувват шавад.
Чанд хуш пеши ту омад, эй мусир,
Ҷумла нохуш гашту софи ӯ қадир.
Ту адувви ин хушиҳо омадӣ,
Гашт нохуш ҳар чӣ бар вай каф задӣ.
Ҳар кӣ ӯ шуд ошнову ёри ту,
Шуд ҳақиру хор дар дидори ту.
Ҳар кӣ ӯ бегона бошад бо ту ҳам,
Пеши ту ӯ бас меҳ асту мӯҳтарам.

1 Мавлоно Муҳаммади Балхӣ. Маснавии Мавлавӣ. Теҳрон, 2001. – 730 с.

пешина
аз 566
навбатӣ