Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Эй дар дилам зи оташи ишқи ту сад алам,
Ҳар як алам нишонаи чандин ҳазор ғам.

Аз ин ҷост, ки Ҳилолӣ сабаби дарду ғам ва нокомии худро на танҳо дар нозу истиғнои маҳбуба, балки асосан аз бедодиҳои «чархи каҷрафтор», яъне абнои бедолати замона медонад:
Нолаи ман ин ҳама з-он моҳи хушрафтор нест, Ҳарчӣ бо ман кард даври чархи каҷрафтор кард.
х х х х х Эй фалак, з-он сангҳо, к-аз нақши Ширин канда шуд, Гар тавонӣ, зеби рӯи турбати Фарҳод кун!
х х х х х Тақсири вафо расми рақиб аст, аҷаб нест, Ҳаргиз сағи девона вафодор набошад.

Адлу инсофи амирому подшоҳон, дӯстию рафоқат ва садоқати инсонҳоро шоир шарти зарурии зиндагии хуб шуморида мегӯяд:
Адл пеш овар подшоҳӣ кун, Зулм бигзору ҳар чи хоҳӣ кун.
Сар мапеч аз ризои дарвешон, Ки сарафрозӣ оламанд эшон.
х х х х х Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест, Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.

Аҳволи вазнини табақаи поёниро чунин ба қалам дода, аҳли дарборро таъкид менамояд, ки аз зулму ситам худдорӣ намуда, ба некию некӯкории аҳли заҳмат рӯ биоранд:
Ситамгоро, ба эҳсон хӯ накардӣ, Ҳама бад кардию некӯ накардӣ.

Шоир бевафоии оламро эҳсос менамояд ва ишора мекунад, ки танҳо инсони асил ғаму шодии аҳли заҳматро дарк менамояд:
Дар олами бевафо касе хуррам нест, Шодию нишот дар бани одам нест.

пешина
аз 566
навбатӣ