Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Абдулҳамид Самад ва дигарон ба майдони илму адаб омаданд, ки тараннумгари мазмунҳои асосии замони иқтисоди плании Тоҷикистони Шӯравӣ мебошанд.
Бояд гуфт, мардуми фарҳангдӯсти тоҷик инқилоби Октябрро бо як хушнудӣ пешвоз гирифта, орзуи онро дошт, ки дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум таъмики навин фаро мерасад ва «зиндагонии хуб»-ро соҳиб мегарданд. Бинобар ин, барои ҳарчи зудтар амалӣ гаштани ниятҳои неки инқилобӣ, донишмандони тоҷик Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар асарҳои танқидии замони кӯҳнаи феодализм, ҳамчунин саҳнавии тоҷикро офариданд, ки дар театрҳо намоиш дода мешуданд. Асарҳои драматургӣ низ ба майдон омаданд, ки дар онҳо аз аҳволу зиндагиномаи мардуми тоҷик сухан мерафт.
Дар ин давра «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ, «Коваи Оҳангар»-и А. Лоҳутӣ, «Шӯриши Восеъ» ва «Калтакдорони сурх»-и Сотим Улуғзода, асари саҳнавии «Муҳаббат» ва «Саодат»-и Раҳим Ҷалил, «Ҳукм»-и М. Турсунзода, «Шаҳри ман»-и М. Миршакар ва дигарон рӯи саҳнаҳои тоҷикро фаро гирифтанд, ки тараннумгари некхоҳӣ, меҳнатдӯстӣ, адлу инсоф ва илмомӯзию хирадмандии мардуми тоҷик мебошанд.
Бояд гуфт, ки адибони муосири тоҷик мисли авлодони гузаштаи худ образи «Одам»-ро ҳамчун беҳтарин офаридаи рӯи замин нишон дода асарҳои насрӣ эҷод менамуданд. Махсусан асарҳои бадеии С.Айнӣ «Одина», «Дохунда» ва «Ғуломон» ва «Ҳасани аробакаш»-и М. Турсунзода таҷАССУМГСЕРИ ҳаёти дамондавраи аксари мардуми тоҷик буда, нишони он аст, ки ин миллат бо ҳама назиннихҳои ҳаёт нигоҳ накарда аз паи меҳнати ҳалол ва доимо дар ҷустуҷӯи муҳити озоди меҳнатӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо низ ҳазорҳо ҷавонмардони тоҷик дар давлатҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра машғули кор буда, аз паи ризқу рӯзии ҳалол мебошанд.
Асарҳои баъдиҷангии адибони тоҷик оид ба корнамоиҳои ин миллати сарсахт дар ҷанги дуюми ҷаҳон ва дар ақибгоҳ буда, аз ҳар яки онҳо садои дили пуртуғёни тоҷики фарҳангдӯст берун меояд.
Дар солҳои 50-90-уми асри XX дар инкишофи фарҳангии миллати тоҷик
боз як навъ зиндашавии осори ниёгон ва мавқегирии мардуми тоҷик дар сохтори
Шӯравӣ ба вуҷуд меояд. Аз дигар тараф, ин донишмандон тавонистаанд, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо