Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Барф болои сари ман нуқрасон рахшон бувад,
Оби рӯдам мисли ишқи ошиқон ҷӯшон бувад.
Ҳар кас гӯяд, ки кӯҳистониям бовар макун,
Бингар аввал, ки дилаш соф аст ё вайрон бувад.
Шоирону нависандагони дигари тоҷик аз ин шароити ба амаломада истифода карда, ба омӯзиши ҳодисаҳои ҳаётии солҳои 70—90-ум шурӯъ карданд, ки барои мардуми тоҷик хеле мураккаб мебошад.
Шоирони маҳбуби халқи тоҷик Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор ба эҷоди асарҳои худ дар мавзӯъҳои фалсафию панду ахлоқӣ ва инсонпарварӣ, ватандӯстию меҳру муҳаббату ишқи поки инсонӣ, ҳалолкорию ростқавлӣ дар шакли достону рубоӣ ва шеъру дубайтӣ шурӯъ мекунанд. Дар ин давра достонсароии Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, М. Миршакар, Саидалӣ Вализода ва эҷоди дигар анвои шеърӣ аз ҷониби Лоиқ, Бозор, Гулрухсор, А. Шукӯҳӣ, Убайд Раҷаб, Ашур Сафар, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Салими Хатлонӣ ва дигарон авҷ гирифта, дар адабиёти муосир мақоми хоса пайдо кардаанд.
Дар ин ҷо мехостем устод Лоиқро махсус қайд карда гузарем, ки ӯ дар миёни роҳи дуру дарози осори ниёгони миллати тоҷик Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлавӣ, Соиб, Бедил ва шеъри имрӯзаи тоҷик пули бузурге сохтааст, ки миллати тоҷикро боз ба шоҳроҳи адаби ҷаҳониён пайваст намудааст.
Ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, зебоишиносӣ ва табиатпарастии шоир дар замони режими планистии бемантиқ, истифодаи нодуруст ва заҳролудсозии бемайлони замин, нотавонбинии баъзе хоҷаҳои коммунисти Шӯравӣ ва нодолатии иҷтимоию иқтисодии байни собиқ ҷумҳуриҳои Иттифоқи Шӯравӣ чунон боло мегирад, ки ӯ дар ҳама ҷо, дар маҷлису ҷамъомад, дар нишасту маҳфилҳо фақат оиди ин масъалаи фоҷиавии миллати тоҷик сухан мегуфту халос:
Мулк сангистону мо бесангарем,
Сар ба сар сардору мо бесарварем.
Пунбадаргӯшем мову роҳбарон,
Чунки мо халқони пунбапарварем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо