Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар дилашон боз кадом кинаву адовате, ба ивази сахтгириатон, ки замоне барои ба роҳи дуруст ҳидоят намудани вай истифода карда буред, боқӣ мондааст ва то вақти ба сари ҳокимият омаданашон он кинаро пинҳон медоштанд.

Хато кардан дар одамшиносӣ дар замири ҳар як роҳбар, ҳолати нобовариро ба вуҷуд оварда, баъзан вақт, ҳатто, дигар хоҳиши касеро дастгирӣ кардан ҳам намекунед, чунки рафтори як нопокзода метавонад ба инсондӯстии Шумо таъсири зиёди манфӣ расонида, барои баҳои дуруст додан ба кормандон халал расонад, лекин мувофиқи таъкиди хиради менеҷмент бо натиҷагирии хислати як нопок, мо бояд нисбати инсонҳои поксиришту созанда рафтори ношоиста дошта бошем. Баръакс, доимо бо мардуми созанда кӯшиши дастгирию ҳамкорӣ дошта, ба аслу насаб, намуди зоҳирӣ, одоби сухангӯй, рафтору кирдору андешарониашон диққат дода, онҳоро пайваста аз имтиҳони роҳбарӣ гузаронем ва мутахассисони болаёқатро тарбия намуда мавқеи роҳбарии худро мустаҳкам созем. Албатта, тарбияи як шогирди ноасл метавонад ба мавқеи Шумо таъсири манфии калон расонад. Бинобар ин, барои нигоҳ доштани мавқеи роҳбарии худ доимо бар он бикӯшед, ки дар одамшиносӣ хато накунед. Як қадами ноҷо ва як сухани бемантиқи шогирдатон, ки ҳамроҳатон қарор дорад, метавонад мавқеи роҳбариатонро хароб гардонад.

Аз ин нигоҳ, нагузоред касе ба мавқеи Шумо, ки ҳамчун роҳбари ҳақиқатпараст ва одил ном баровардаед зиён оварад, чунки фақат ҳамин нуқтаҳо шуморо ба мавқеи баланди роҳбарӣ бурдаанд. Инчунин, доимо дар он бикӯшед, ки оиди ин хислатҳои неки роҳбариатон атрофиён ҳар чӣ бештар маълумот дошта бошанд. Худатон низ диққат диҳед, ки мардум онро чӣ тавр қабул мекунанд ва боз Шуморо чӣ хел дидан мехоҳанд. Мавқеи мустаҳкам ба шумо нерӯи нав бахшида, намояндагиатонро дар назди мардум баланд бардошта, бо харҷи ками қувва ба муваффақиятҳои калон ноил мегардед, яъне дар атрофатон як муҳити боэҳтироме пайдо мегардад ва баъзан, ҳатто, худатон метарсед, вақте дар бораатон корнамоиҳоеро мешунавед, ки тамоман ба онҳо қодир нестед ва ё иҷро кардаед. Дар ин ҳолат мегӯянд, ки шарафу шарафмандӣ пешопешатон дар асоси хизматҳои пешинаатон пайдо мегарданд ва худатон аз ин ҳаловати баланд мебаред, яъне муваффақиятҳо аз рӯи ҳамон хислатҳои насибе, ки мо дар боло гуфта гузаштем, пешакӣ аллакай муайян аст.

пешина
аз 566
навбатӣ