Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Дар таърихи фаъолияти сохторҳои нозоратии қонун ва давлатдорию ҳукмронии тамоми давру замон, дар ҳама ҳолатҳо шикасти давлат, фош шудани сирри давлат, мағлуб шудани сарлашкарому мардони бузург ва қонуншиканию дигар амалҳои аз байн рафтани ҳокимият, бо сабаби хоинии шахсони дохилӣ сурат мегирад. Чуноне, ки дар аввали ҳамин китоб омадааст, дар замони худ Искандари Мақдунӣ қайд карда буд, «Ғафлати подшоҳӣ ва хоинии вазир сари Дороро бибурд». Аз ин хотир, дар муносибат ва боварӣ ба кормандону шахсони наздики хеш эҳтиёткор бошед.
Бояд таъкид созем, ки гуфтаҳои боло маънои онро надоранд, ки мо тарафдори касе набошему ба касе бовар накарда, мехоҳем ҳамчун консерватор ва ё диктатор ҳукмронӣ намоем. Не, ҳаргиз дар хиради менеджменти тоҷик ин тавр нест, чунки фақат муносибатҳои корӣ асоси фаъолиятҳои роҳбарӣ гашта, пешниҳодҳо, ихтироотҳо ва эҷодкориҳои касбиро, ки ба фоидаи ҳокимият ва кори ташкилот аст, бояд ҳаматарафа дастгирӣ намуда, бо ин гуна шахсиятҳо доимо ҳамкорӣ карда, шароит муҳайё созем, ки ин ниятҳои нек амалӣ гашта ба корхона ва одамон фоида биорад. Дар ҳолате, ки ба ин гуна шахсон кӯмаку ҳамкорӣ мекунед, аллакай, тамоми коллективи корхона ва мардум баҳои худро медиҳанд, чунки мардум аксариятро мешиносанд ва баҳои воқеии шахсиятро ҷамъият худаш муайян месозад. Лекин ҳидояти хиради менеджмент доимо бар он аст, ки дар мавқеи баланди хеш мустаҳкам бошед. Бигзор дигарон ба наздатон омада кӯмаки расмӣ пурсанд. Агар мавқеатон баланд бошаду онро ҳимоя карда тавонед, дигарон низ ҳаракат мекунанд, ки худро ба он баландӣ расонида гиранд ва ба Шумо нигоҳи баланд намоянд.
ПАС, мебояд ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт худро ба чизе, ба касе побанд накарда, озодии ҳукмрониро нигоҳ дошта, роҳбариро софдилонаю покбинона ва тозаю озода эҳтиром намуда, кору фаъолият намоем.
Барои ин пеш аз ҳама диққат бар он равона созед, ки ба эҳсосот ва
шавқи баланди шаҳвонӣ дода нашуда, санъати баланди роҳбариро, ки мо дар
қисми 3-юми китоб пурра баён намудем, аз худ намуда, ҳолатро доимо зери
назорати хеш қарор диҳед. Маҳз мустақилият ва озодии фикрронӣ кафолати
нигоҳ доштани мавқеи баланд буда, кӯшед, то доимо дар маркази диққати
кормандону атрофиён қарор дошта бошед. Касе, ки мавқеашро худаш озодона

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо