Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
46.1. Донишмандӣ ва хирад нишонаи олии ташаккули
менеҷмент
Хонандаи азиз, дар ин қисмати китоб оид ба донишмандӣ ва хиради роҳбарӣ сухан гуфта, мақсад дорем, ки Шумо баҳри ташаккули менеҷменти муосири тоҷик онро амалӣ гардонида, дар сарварии худ ба қатори ҷаҳониён сазовори муваффақиятҳо мегардед.
Оид ба донишу донишмандӣ бо фикру ақидаҳои гуногуни фалсафии хирадмандони тоҷик Шумо дар боби 44-уми ҳамин китоб шинос гардидед. Бузургони мо тоҷикон, донишро тавоноӣ, бузургӣ, чароғи дил, ақл, рӯшноӣ, зиндагии хуб, худогоҳӣ, худошиносӣ, инкишоф, эҳтиром ва ғайра номидаанд.
Дар ҳақиқат аз нигоҳи ташаккул донишу хирад доимо дар тағйирот ва навшавӣ буда, моро низ водор месозанд, ки фикрронии худро тағйир ва донишамонро пайваста сайқал дода, кору фаъолиятамонро вобаста ба он мувофиқ намоем.
Аз тарафи дигар, дониш созандаи мо ва муҳити зиндагонӣ буда, аз ҳар як фард қобилияти дарки онро талаб дорад, яъне дониш дарки муҳити дохила ва берунаи тағйирёбандаи мо мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо донишмандон донишро инкишофи шуурнокии инсон ҳам меноманд. Дар ҳақиқат дониш имкон медиҳад, ки ҳар як фард фикрронии худро оид ба дарки ин ё он ҳодиса, рафтори худро доир ба ин ё он фаъолияти роҳбарӣ ба низом дарорад. Инчунин, тавассути илм инсон аз олами ботинии худ огоҳ гашта, худро мешиносад. Аз тарафи дигар, вақте ки роҳбар дарки пурраи масоилро дорад ва аз навигариҳои илми рӯҳшиносӣ ва техникӣ бохабар аст, вай албатта қарори идоравии наву тоза ва хирадмандона қабул менамояд, ки дар менеҷменти замони муосири тоҷик хеле зарур ва самаранок мебошад.
Бояд гуфт, ки дараҷаи дониш ва донишазхудкунии ҳар як роҳбар ба омилҳои зиёди этникӣ, оилавӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ вобастагии калон дорад. Мувофиқи мақсад аст, агар оиди баъзе масоили донишмандӣ аз нигоҳи сарварӣ дар менеҷменти муосири тоҷик баҳогузорӣ намоем:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо