Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
46.2. Мақсадгузории роҳбар ва боварӣ ба худ - омили
асосии ташаккули менеҷменти муосир
Мақсадгузорӣ ва ягонагии фаъолияту мақсади роҳбарӣ нишонраси аввалини сифатии муваффақиятҳо дар менеҷмент буда, меҳнати зиёду мураккабро талаб менамояд. Ин мубориза пеш аз ҳама бо мақсади ба кормандон таъмин намудан «зиндагонии хуб» буда, дар баробаратон боз як қатор гурӯҳҳои боқуввати дигаре вуҷуд доранд, ки доимо Шуморо аз роҳи асосии мақсад бароварданӣ мешаванд. Дар ин мубориза фақат роҳбари донишманду хирадманд ва зираку чолок метавонад сарбаландона ғалаба намояд.
Аз тарафи дигар, 70-80% муваффақияти мо аз дониши мо дар шинохти одамон вобаста буда, ба коркарду қабули рафтори онҳо дар фикрронӣ ва фаҳмиши мо алоқаманд аст. Ба ин васила фаҳмишу дониши онҳо Шуморо водор мекунад, ки бо рафтору гуфтори онҳо фаъолият намоед ё баръакс, онҳоро бовар мекунонед, ки мувофиқ ба рафтору гуфторатон фаъолият намоянд.
Барои ба мақсадгузории дуруст расидан ва боварии пурра ҳосил кардан барои бамақсадрасӣ якчанд равандҳо ва давраҳои омӯзиши одамон дар фаъолияти менеҷмент дида мешавад:
- Тарзи роҳгардӣ ва нишасти корманд.
- Лаҳни овоз ва тарзи баён.
- Чеҳра ва чашмону нигоҳи ӯ.
- Пайдарпайии фикр ва интихоби калимаҳо.
- Тарзи суханронӣ ва имову ишораҳо.
- Тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳирӣ.
- Муносибат ба фикру ақида ва ҳамкорӣ бо дигарон.
Барои аниқ кардан ва дарки ботинии ҳар як корманд, қадами дигар ба ӯ назорат намудан дар ҳолатҳои гуногун мебошад:
- Ин хусусиятҳо ва рафторҳо дар ҳолати муқаррарӣ ва қаҳру ғазаб.
- Дар ҳолати дӯстдорӣ ва ба муваффақиятҳо ноил гаштан.
- Дар ҳолати хӯрок хӯрдан ва паси мизи корӣ нишастан.
- Дар ҳолатҳои хурсандию тӯю маъракаҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо