Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Барои он ки худмаҷбурсозӣ бароитон одати ҳамарӯза гардад, доимо дар худ ин фикрҳои хиради менеҷментомро такрор ба такрор замзама намоед:
❖ Худмаҷбурсозӣ маро ба фикрронии озод бурда мерасонад.
❖ Худмаҷбурсозӣ ба ман манфиати зиёд меорад.
❖ Худмаҷбурсозӣ маро хушбахт гардонида, соҳиби обрӯи баланд менамояд.
❖ Худмаҷбурсозӣ маро аз ҳама гуна тарсу ваҳм, парешонию ғамгинӣ озод менамояд.
❖ Худмаҷбурсозӣ маро ба тамоми орзӯю ҳавасам мерасонад.
Хонандаи азиз! Барои боз ҳам мустаҳкам кардани ақидаи худ оиди худмаҷбуркунӣ, аз Шумо хоҳиш мекардем, ки ба зиндагиномаи шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва донишмандону хирадмандони миллати тоҷик, ки мо дар боби 43 ва 44-уми ҳамин китоб овардаем, боз як маротибаи дигар назари тоза афканед. Шумо баръало мебинед, ки онҳо бо чӣ азобу шиканҷаҳои замони худ гирифтор шуда, онҳоро сарбаландона паси сар карда, сабру тоқату футувватро аз даст надода, худро дар роҳи ҳақиқати интихобкардаашон чунон маҷбур сохта тавонистанд, ки дар ақсои олам номи онҳо ва асарҳои безаволи онҳоро 1000 солаҳо боз мутолиа ва аз бар мекунанд.
46.5. Қобилияти зеҳнӣ ва сарварӣ дар менеҷменти
муосири тоҷик
Қобилияти зеҳнӣ гуфта ин дарки баланди эҷодии шахсиятҳоро оиди фаъолиятҳо ва равандҳои алоҳидаи рафтори инсонӣ меноманд, ки табиатан Худованди пок ба онҳо ато кардааст ва дар ҷараёни зиндагӣ инсон онро ташаккул додааст.
Бинобар ин, қобилияти зеҳнии баландро на ҳамаи инсонҳо доро
мебошанд. Хонандаи азиз, мо дар ин қисмати китоб мақсади онро гузоштаем,
ки оиди истифодаи самараноки ин моликияти қимматбаҳои инсонӣ «Қобилияти
зеҳнӣ ва сарварӣ» сухан ронда, сабабҳо ва монеаҳоеро гуфта гузарем, ки боиси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор