Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
онро дарк накарда истодаем, ки ба ин ду сарчашмаи ташаккули ақлонӣ бо назари дуюмдараҷа ва сеюмдараҷа менигарем. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол боғчаю мактаб, донишгоҳҳо ба талаботи инкишофи ақлонии кӯдак ва мутахассису сарвари оянда ҷавобгӯ намебошанд. Оиди ин мавзӯъ мо боз дар охири китобамон пурратар истода мегузарем.
Зинаи сеюм, ташаккули қобилиятҳо ва сарвари ин ташкилоту муассисаҳо ва асосан менеҷменти муосир мебошад. Барои роҳбарони ташкилоту муассисаҳо тарбияи қобилияти зеҳнӣ бояд дар навбати аввал қарор дошта бошад, чунки самараи онро пеш аз ҳама корхона ва ташкилоте ки дар он ин қобилиятҳо фаъолият доранд ва баъдан оила ва ҷамъият мебинанд.
Ғайр аз ин, дар ин зина инсонро қувваи ақлониаш низ пухта мерасад ва қобилияти дарки масоилро доро мегардад. Аз ин ҷост, ки сайқалу паҳншавии қобилияти ҳар як шахси донишманд аллакай бисёртар аз худи ӯ вобаста аст, чуноне мо дар мавзӯи гузашта инро қайд карда будем. Акнун дар ин зинаи синну сол, ин шахсон садои дили худро аз дохил мешунаванд ва мувофиқи он рафтор мекунанд. Овози дили онҳо фақат дар вақти эҷоди он фаъолияте баланд мебарояд, ки дилашон ин қобилияти илоҳиро дошта бошад. Бинобар ин, ақида ва ихтирооте, ки шахсони қобилиятнок менамоянд, аз андешаҳои дигари зеҳнӣ фарқ доранд, чунки ин ақидаҳо дар пайвастагии ду омиле, ки дар боло қайд кардем, пайдо шудаанд. Барои ин гуна шахсон менеҷменти корхона, махсусан, сарварони доно бояд шароите пайдо созанд, ки онҳо эҷод карда тавонанд ва аз меваи ширини ақлонии худ тамоми инсониятро баҳраманд гардонанд. Аксар маврид барои ин гуна шахсон гӯшаи танҳоӣ зарур аст, то онҳо соатҳои дароз бо худ нишаста, дар андеша фурӯ раванд ва ҳатто баъзан вақти хоб, соатҳои 3 - 4-и шаб бедор шуда, ихтироот ё худ кашфиёташро дар рӯи қоғаз менависанд. Шоирону нависандагони бузург ҳам, ҳангоми танҳо мондан, дар як гӯшаи ороми табиат ё манзараро интихоб карда эҷод менамоянд.
Имчунин, як нуқтаро бояд қайд кард, ки зиндагиномаи донишмандони бузурги тоҷик ва дигар миллатҳои дунё, Саъдии Шерозӣ, Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Бедил, Шекспир, Наполеон, Ҷорҷ Вашингтон, Толстой, Лоиқ ва чанде дигарон, то ба имрӯз аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сарчашмаи дигари илҳоми эҷодии ин мардони бузург занон будаанд. Дӯстдорӣ ва хоҳиши бо занон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор