Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Шуморо ба қуллаҳои баланди эҷодии худ расонад. Ин ҳам бошад аввалан, қувваи боварӣ ба Худои пок ва тоза нигоҳ доштани ботин аз ҳама гуна зуҳуроти бегона мебошад.

Дуввум, дӯстию ҳамкорӣ ва илмомӯзӣ аз олимон, донишмандону хирадмандон мебошад. Чуноне, ки дар боло қайд кардем, ин гуна шахсон дорои қувваи бузурги ақлонӣ буда, Шумо ҳатто агар бо роҳи салом кардан, гӯш андохтан ба фикрронии онҳо, рафтору гуфтор ва назари некхоҳона ба тарзи хӯроку меҳнату истироҳати онҳо пайравӣ намуда, қобилияти зеҳнии худро ташаккул ва инкишоф диҳед, ба комёбиҳо ноил мегардед.

Сеюм, ин қувваи бузурги он зане мебошад, ки ҳамсари Шумо буда, ӯро аз дилу ҷон дӯсташ медоред ва ӯ низ дар ҳақиқат қувваи бузурги болобарондаи қобилияти зеҳнӣ ва тассалою умеди дилатон мебошад.

Аксари донишмандону бузургони миллати тоҷик гирифтору дӯстдори ҳамин гуна занҳо буданд ва қариб тамоми ҳастиашонро ба онҳо бахшиданд. Банда низ бо ифтихор бояд бигӯям, ки тамоми вуҷуди маро муҳаббати зане фаро гирифтааст, ки бо ҷону дил эҳтирому дӯсташ медорам ва ин ҳамсари ман буда, аз дили ман фақат ӯ бохабар асту Худованди пок. Ва тамоми кӯшишу ғайрати ман низ барои ӯ, фарзандону падару модар ва халқу миллати бузургам равона карда шудааст.

Нуктаи дигарро низ бояд таъкид сохт, ки вайронкунандаю барҳамзанандаи қобилияти зеҳнӣ ва нобудкунандаи мардони бузург, аксар маврид боз занҳо мебошанд. Хуб мебуд, агар Шумо худро зудтар аз ин гуна занҳо дар канор бигиред, то умри азизатонро беҳуда қурбони ин гуна занони бемаърифат нагардонед. Бояд гуфт, ки танҳо ишқи илоҳӣ, ишқи ҳақиқӣ ҳеҷ вақт намемирад ва ин ихтирои нав нест, чунки аллакай таърих гувоҳ аст ва аксарияти хонандагони азиз аз он хабар доред.

Ҳамин тариқ, қобилияти баланди зеҳнӣ барои ҳар як роҳбар ҳамчун маркази қабули ахбор хизмат расонида, онро коркард менамояд ва дар шакли нави фикру ақида ва ё ихтирот ба муҳит пахш менамояд. Ҳар қадар системаи қабули ахбор хубу инкишофёфта ва шабакаҳои зиёду хуби қабули ахборро дошта бошад, ҳамон қадар коркард ва натиҷаи он хубу пурра баромада, ба атрофиён манфиати калоне мебахшад.

пешина
аз 566
навбатӣ