Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Дастон аввалро метавон ба ду бахш ҷудо намуд:
а) Девони марбут ба ҳарб;
б) Девони марбут ба молиёт.
Роҳбарии девонро Вазири Бузург ба ӯҳда дошта, ҳамаи вазирон дар таҳти тобеияти ӯ буданд. Мансаби «Вазири Бузург» монанди мансаби шоҳӣ аз падар ба писар мегузашт ва сирру асрори идораи вазорат дар ин хонадон пӯшида буд.
Дар замони ҳукмронии Сомониён вазорат дар зери дӯши се хонадони фозилу баруманди замон: Балъамиён (Абуфайз Муҳаммад ибни Убайдуллои Балъамӣ, Абӯалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ), Ҷайҳуниён (Абдулло Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳунӣ, Абӯалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Ҷайҳунӣ ва дигарон) ва хонадони Утбӣ қарор дошт.
Қоидаи роҳбарии хоси девони замони Сомониён он буд, ки баробари аз кор рафтани Сарвазир тамоми девон низ куллӣ тағйир меёфт, ки чунин як қоида имрӯзҳо дар аксари мамлакатҳои дунё қобили қабул аст. Вазири нав бошад шахсони ба худ содиқро ба кор қабул мекард. Бинобар гуфтан ҷоиз аст, ки дар низому қоидаи роҳбарӣ инкишофу равнақи он ва адлу адолати роҳбарӣ мақоми Сарвазирон ва вазирон низ хеле баланд мебошад. Маҳз ривоҷу равнақи давлатдории Сомониён дар асоси такмилу ривоҷи қоидаҳо ва усулҳои идорӣ ва коргузорӣ сурат мегиранд. Маълум аст, ки дар ҳамон замон барпо сохтан ва идора кардани чунин давлати абарқудратро фақат дастгоҳи пуркуввати роҳбарӣ ва хиради баланди ташкилии идорӣ метавонист анҷом диҳад, ки истифодаи ин ганҷина барои менеҷменти имрӯза аз манфиат холӣ намебошад.
Девони вазир мӯҳраи аслӣ ва марказии идорати девон буда, дигар девонҳо ба ӯ итоат мекарданд. Баррасии мӯҳимтарин масоили дохила ва берунаи идоравии давлат ба дӯши ин девон буд.
Равнақи умури молия ва харҷу дахли мамлакат ба дӯши девони муставфӣ буд, ки онро «девони хироҷ» ҳам мегуфтанд, ки яке аз девонҳои муҳими даргоҳ ба ҳисоб мерафт. Дар ин девон мутахассисони варзидаи бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, ҳисобдонҳо кору фаъолият доштанд. Фаъолияти асосии девони мазкур ба ободонии мамлакат, сохтмону таъмири иншоотҳои обёрии заминҳо, роҳҳо ва купрукҳо равона шуда буд. Ин девон масоили банақшагириро низ ба ӯҳда дошта, дар меъёру сарфакории корҳои хазинадорӣ мақоми арзанда доштааст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё