Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гуногуне гирифтор гашта асабонӣ мешаванд, фикрронӣ ва оқибат роҳбариро низ аз даст медиҳанд, чунки вақте ба зинаи чорум мерасед, аллакай дар атрофатон шахсиятҳои дигар кору фаъолият доранд, ки нисбат ба Шумо барвақттар ба ин вина омадаанд ва он қадар хоҳиши шуморо қабул кардан надоранд.

Бинобар ин, аз нигоҳи хиради менеҷмент мо ба Шумо чунин пешниҳодҳо дорем:

  1. Доимо асаби худро назорат карда, онро фақат барои мақсадҳои созандагӣ равона созед.

  2. Дар хотир дошта бошед, ки агар асабро барои вайронкорӣ ва бадхоҳӣ равона созед, дар охир ӯ худро нобуд месозад.

  3. Дар хотир дошта бошед, ки тамоми рафтори одамиро асаб назорат мекунад. Асабро бояд солим нигоҳ дошт, то рафторатон солим бошад, ӯро азоб надода, истироҳату меҳнатро дар мувозинат нигоҳ доред, чунки асаби мондашуда қобилияти дарки масоили муҳиму мураккаби роҳбариро надорад.

  4. Тамоми дастовардҳои Шумо натиҷаи кори асабатон мебошад. Дигар узвҳои бадан мақоми дуввум ва сеюмдараҷа мебошанд.

  5. Ихтирооти бузурги эҷодӣ ва молиявиро як гурӯҳи одамон фикр карда мебароянд ва дигарон амалӣ мегардонанд. Бинобар ин, аз фикрронии асаби дигарон самаранок истифода бурданро фаромӯш нанамоед.

  6. Инчунин, дар ёд доред, ки фикри ҳамаи одамон аниқу дуруст намебошанд. Асаби худро аз ин гуна фикру ақидаҳои номатлуб эҳтиёт намоед.

Дар ҳама корҳо сабру тоқат ва боандешагиро таманно дорем, ки оиди ин масоил дар мавзӯи оянда васеътар ҳарф мезанем.

47.2. Нобарориҳо ва сабру тоқат дар фаъолияти роҳбарии тоҷикон

Хиради роҳбарӣ гувоҳии онро дорад, ки ҳар як роҳбар дар фаъолияти худ ҳатман ба нобарориҳо рӯ ба рӯ гашта, дар шаклҳои гуногун азоб мекашанд. Аз

пешина
аз 566
навбатӣ