Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
боре ба раъният афтад ва ба тозагӣ ранҷе ба ҳосил шавад, ки эшонро он чӣ ба
кор ояд аз байтулмол бидиҳанд, то эшон ба хиёнат кардан ва ришват ситудан
мӯҳтоҷ набошанд ва ин қоидае, ки аз ростӣ кардани эшон ҳосил шавад, даҳ
чандон ва сад чандон мол бошад, ки бад — эшон диҳанд ба вақти хеш». 1
Дар хусуси дастгоҳҳои идораи маҳаллӣ ва роҳбарии ноҳия ва минтақаҳо бошад, иттилооти на он қадар пурра вуҷуд доранд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо низоми дар Бухоро будаи идораи маҳаллӣ ва заминдорӣ аслан дар шакли истифодаи иҷораи замин ва идораи соҳавии дигар захираҳо сурат гирифтааст.
Роҳбарони маҳаллиро «Ҳоким», «Малик» ё «Кадхудо» ном дода, онҳо ҳуқуқи пурраи роҳбариро дар минтақаи худашон доштанд. Махсусан, дар минтақаҳои Кӯлоб, Ҳулбук, Балҷувон ва Ховалинг, ки андар миёни кӯҳҳои бузург заминҳои ҳосилхез мавҷуд буда, мардуми меҳнатдӯсту меҳмоннавоз умр ба сар мебурданд, аз ашрофиёни маҳаллии «Волӣ», «Эшон» ё «Ҳоҷиб» доштанд ва онҳоро дар қатори малик мегузоштанд ва ба эшон итоат мекарданд.
Танзими идораи маҳаллӣ дар аксари дигар ноҳияҳо ва минтақаҳо аз тариқи фаъолияти «Раис», «Мӯҳтасиб» ва «Қозӣ» сурат мегирифт.
Раис бевосита низоми идораи маҳалла ва иҷрои фармону қарорҳои амирому вазирон ва девонҳоро ба ӯҳда дошт.
Мӯҳтасиб ба ғайр аз назорат ва ташкили идораи истеҳсолот, боз ба миқдору сифати моли истеҳсолшуда, риояи одоби тиҷорат, шариат ва ахлоқи ҷамъиятиро ба ӯҳда дошта, ҳукму ҷазои онро муайян месохт.
Қозӣ оид ба тартиботи дохила ва риояи низоми дохилаи мамлакат назорат мебурд, яъне табақабандӣ ва риояи дигар маҳдудиятҳо нисбат ба мардуми табақаҳои гуногун, мардуми ғайримусулмон як қатор маҳдудият ва низом мавҷуд буд, ки он бояд ҳатман риоя карда мешуд.
Риояи қонунҳои шариати исломӣ вазифаи асосии қозӣ ба ҳисоб рафта, таъину аз вазифа сабукдӯш кардани онҳо ба салоҳияти подшоҳ дохил мешуд.
Бояд гуфт, ки танзими идораи маҳаллӣ ва ташаккули роҳбарӣ, ташкили дурусти корбарӣ ва коргузорӣ дар ҳамаи 10 девони Амир Исмоили Сомонӣ ва пасояндони ӯ Наср ва Нӯҳ имкон доданд, ки дар саросари минтақаҳои бузурги Мовароуннаҳр ва Хуросон давлати абарқудрат ва бонизомотро ташкил намоянд.
1 Хоҷа Низомулмулк. Сиёсатнома, с.84

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё