Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ба адои вазифае таҳлили пурраи ташкилотро дошта бошед, то хатое содир нанамоед, ки боиси монеъ гаштани вазифадориатон дар оянда гардад.

Хонандаи азиз, аллакай, ҳис кардед, ки мақсадҳо аз омилҳою имконоти вазифадорӣ фарқи калон дошта, онҳо метавонанд ин омилҳоро ба тарафи неки инкишоф бубаранд ва баръакс. Аз ин хотир, мувофиқакунонии мақсадҳо ба имконоту ҳолатҳои роҳбарӣ, яке аз вазифаҳои асосии банақшагирии вазифадорӣ буда, пайдарпайии иҷроиши он моро ба зинаҳои баланди роҳбарӣ бурда мерасонанд.

Дар вақти банақшагирии бевоситан вазифадорӣ бояд омили асосии роҳбарӣ — саломатӣ дар навбати аввал гузошта шуда, дигар мақсадҳо аз он сарчашма гиранд. Чуноне, ки дар қисмҳои аввали китоби менеҷмент мо қайд намудем, роҳбарӣ мураккабтарин ва мушкилтарин фаъолияти инсонӣ буда, пеш аз ҳама саломатии хубро талаб менамояд. Барои ин дар нақшаҳои вазифадорӣ — реҷаи дамгирӣ, барқароркунии саломатӣ ва варзиши ҳаррӯзаи бадан бояд дар назар дошта шавад. Нуқтаи зарурӣ ва муҳими вазифадорӣ ин ташаккули инфиродии роҳбар, баландшавии донишу малакаи касбӣ ва хиради роҳбарӣ буда, дар давраҳои муайян аниқ карда, ба нақша гирифта шавад.

Аксари мутахассисон дар он ақидаанд, ки мақсадҳои фардии вазифадорӣ манфиатбахшанд, агар ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошанд:

  1. Вақте ки мақсадҳои аниқи вазифадорӣ маълуманд, ҳавасмандии фардии иҷрои онҳо низ бояд муайян бошанд.

  2. Таъмини пайдарпайии фикру ақидаҳо ва зина ба зина болоравӣ ба вазифа имкони ташаккули босуботи вазифадории Шумо мебошад.

  3. Барои ҳар як зинаи вазифадорӣ давраи муайяни вақтро бояд ҷудо созем.

  4. Ҳар як зинаи вазифадорӣ натиҷа ва дастовардҳои хоси худро дошта, бояд нисбат ба пешина баландтару бартарият дошта бошанд.

  5. Вазифадорӣ бояд барои коллективи ташкилот ва умуман мардум манфиати зиёд оварда тавонад.

Агар нақшаатон чунин мақсадҳоро таҷАССУМ насозад, пас Шумо ба гирдоби нақшаҳои дигарон дучор гашта, ба мақсади асосиатон расида наметавонед. Бинобар ин, хуб мебуд ҳангоми банақшагирии вазифадорӣ андешаи ташаккули ояндаатонро хеле равшану саҳеҳ нишон дода, мувофиқи он амал

пешина
аз 566
навбатӣ