Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
намоед, махсусан, вақте ки аллакай соҳиби обрӯӣ ҳастед ва яке аз зинаҳои вазифадориро сарбаландона гузаштаед. Баъдан, бояд андешаи онро дошта бошед, ки мақсади оянда аз зинае оғоз гардад, ки аллакай дар он истодаед.
Барои ин, банақшагирии фаъолияти роҳбарӣ бояд ба талаботи зерини ташаккули шумо ҷавобгӯӣ бошад:
- Бартарият ва ояндадории мақсади кунунӣ аз мақсадҳои пешина оиди ба даст овардани натиҷаҳои дақиқ.
- Имконоти баҳодиҳии муваффақиятҳоро доштани мақсадгузорӣ, яъне истифодаи факту рақамҳо, стандартҳои махсус ва арзишҳои гуногуни роҳбарӣ дар банақшагирии вазифадорӣ бояд истифода карда шаванд.
- Роҳҳо ва усулҳои расмии ба даст даровардани муваффақиятҳо ва ба мақсадрасӣ. Дар ҳар як зинаи муайяни инкишоф ҳар як роҳбар бояд дараҷаи дарки масоили роҳбарӣ ва роҳҳои ҳалли онро дошта, дониши худро ба он мувофиқ намояд ва қобилияти фикрронии роҳбарӣ ва қабули қарорро дошта бошед.
- Воқеияти қобилияти Шумо. Дар хотир дошта бошед, ки роҳбарӣ амали якрӯзаю дурӯза набуда, балки фаъолиятест, ки онро бояд солиёни дароз идома дода тавонед. Бинобар ин, худро бевосита ба он тайёр намоед.
- Ҳар як зинаи банақшагирӣ вақти аниқро талаб дошта, бояд иҷроиши он назорат карда шавад, ки ба мақсад мувофиқ мебошад ё не?
Бояд гуфт, ки мақсадҳо ва муҳимияти онҳо дар ҳар давру замони роҳбарӣ ва синну соли роҳбар мазмуну мундариҷаи худро дигар месозад, чуноне ки мо онро дар мавзӯи пешина ба давраҳои синну соли роҳбар гурӯҳбандӣ намуда будем. Дар баробари ин, мақсаду маромҳои роҳбарие вуҷуд доранд, ки дар тамоми давраи ҳаётии инсон якхела боқӣ мемонанд. Масалан, ба даст овардани фоида ва таъмини фоиданокии корхона, аммо дар ин маврид метавонад роҳу усулҳои таъмини ин мақсад вобаста ба ташаккулу пастравии роҳбар тағйир ёбад.
Аз дигар тараф, бояд бигӯем, ки ҳамаи инсонҳо дар тамоми давраҳои
ҳаётии худ мувофиқ ба мақсадҳои гуногуни хеш кору амал менамоянд. Кам
ҳолатҳо мешаванд, ки ҳатто роҳбарони зинаҳои баланди роҳбарӣ мақсаду
нақшаҳои вазифадории худро ба рӯи қоғаз оварда, баҳри амалишавии он
андешаи чуқур намоянд. Аксар маврид, мо мешунавем, ки роҳбарон орзуи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор