Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дорем, ки аз дигар пайвастагиҳо маҳз бо ин фарқ мекунем. Аз ин хотир, мебояд ин ганчинаи бузургро фақат барои боз ҳам мустаҳкам намудан ва самараноқ истифодабарии пайвастагиҳои заминӣ истифода карда, бароимон шароити хуби зиндагиро пайдо созем ва муҳитро низ солим нигоҳ дошта, барои наслҳои оянда, фарзандонамон шароити хуби зиндагонӣ боқӣ гузорем. Агар мо бо чашми хирад ба атроф ба табиати зебо назар афканем, ҳамаи муваффақиятҳои мо дар он ҳамчун оина инъикос ёфтаанд. Фақат барои фаҳмиши он ақли солими инкишофёфта ва боварии комил ба хештан ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ин пайвастагии табиӣ мебошад. Дар навбати худ, хештаншиносӣ талаботи олии менеҷменти тоҷик буда, мо ният дорем, ки оид ба он дар қисми панҷуми китобамон пурра ба Шумо, хонандаи гиромиқадр, андешаронӣ намуда, ақидаҳои навинро пешниҳод намоем.

Дар мавзӯи ояндаи китоб бошад, мо тасмим гирифтаем, ки оид ба қонуниятҳои эҳтироми роҳбарӣ ва қоидаҳои рафтори неки роҳбарӣ барои расидан ба мақсадҳои волои инсонӣ ибрози андеша намоем.

47.6. Сухан андар ҷавҳари роҳбарӣ

Маснавии Мавлавӣ.1

Пас, бирав хомӯш бош аз инқиёд,
Зери зили амри шайху устод.
В-арна гарчӣ мустаъидду қобилӣ,
Масҳ гардӣ ту зи лофи комилӣ.
Ҳам зи истеъдод вомонӣ агар,
Сар кашӣ з-устоди розу бохабар.
Сабр кун дар мӯзадӯзӣ ту ҳанӯз
В-ар бувӣ бесабр, гардӣ порадӯз.
Кӯҳнадӯзон гар будишон сабру ҳилм,

1 Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Теҳрон., 2001, с. 427.

пешина
аз 566
навбатӣ