Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

вайронкории зиддимиллӣ, дигар чизеро ба мо боқӣ нагузоштаанду имрӯзҳо намехоҳанд, ки сустсаводию хиёнаткории онҳо ошкор гардаду мардум кӣ будани онҳоро пай баранд. Ман боварӣ дорам, ки пеши роҳи ҳақиқат ва инкишофро ягон бадхоҳ гирифта наметавонад ва хонандаи азиз, Шумо, низ бояд донед, ки рақибони бадхоҳ доимо дар наздатон оҷиз буда, мӯҳтоҷу эҳтиёҷманди дониши навинатон мебошанд ва дар хилват аз кору фаъолият ва китобу дастовардҳои Шумо ҳатман истифода хоҳанд кард. Бинобар ин, дар тасаввуратон фақат фикрҳои созандагиро ҷой созед ва миллатдӯсту инсонпараст бошед.

Тасаввури фикрронӣ ва пайдоиши фаъолияти навин дар рафтори роҳбарӣ низ як зинаи инкишофи ақлонӣ буда, аз ду қисм иборат мебошад:

  1. Тасаввури синтетикӣ — бо дастгирии чунин як фаҳмиш шумо ақидаҳои пешинаи худ ва дигар кормандонро дар шакли мувофиқатҳои нав тасаввур карда, сарчашмаҳои ба даст овардани муваффақиятро дар ҳолатҳои пайдошудаи роҳбариатон аз бар ва корро дар шакли нав ташкил карда метавонед. Албатта, ин самара медиҳад, вале нисбат ба самараи тамоман наве, ки ақидаю фикрронии эҷодии худи Шумо мебошад, камтар аст.

  2. Тасаввури эҷодӣ — албатта, чизи тамоман нав буда, бо кӯмаку дастгирии қувваи илоҳӣ ва истифода аз имконоти зеҳнии заминӣ амалӣ гардонида шуда, танҳо дар ҳолати доштани қобилияти баланди фикрронӣ амалӣ мегардад.

Аз тарафи дигар, ин шакли эҷодкорӣ ҳар қадар инкишоф ёбад, ҳамон қадар зуд тарафдорони хешро пайдо карда, татбиқ мешавад ва ба он хотир, ки заминаи илмӣ дошта, аз воқеият дур нест, дар дили мардум ва фаъолияти онҳо ҳазорсолаҳо боқӣ мемонад. Бинобар ин, хуб мебуд мо кӯшишу ғайрати худро маҳз ба ин сарчашмаи эҷодӣ равона созем, то ҳазорсолаҳо дар дили халқи бузург боқӣ монда, фикру ақида ва эҷодкориҳои мо миллиардҳо сомонӣ фоида оварда, миллионҳо одамонро аз гуруснагӣ наҷот диҳанд. Дар он ҳолат метавон иброз намуд, ки мо аз ӯҳдаи фикрронии мантиқӣ ва боварӣ ба он баромада, дар инкишофи нақшаи роҳбарӣ мақоми арзандаро гузоштаем. Аз дигар тараф, ин замине, ки мову шумо зиндагонӣ дорем, аз миллиардҳо пайвастагиҳое иборат мебошанд, ки системаҳоро ташкил карда, шакл гирифта, талаботе ва ё функцияеро иҷро менамоянд. Аз он ҷумла, мову Шумо низ қисми таркибии ин пайвастагиҳо буда, мавқеи муайян ва қобилияти баланди ақлонӣ — фикррониро

пешина
аз 566
навбатӣ