Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар набардҳо ва сафарҳо маслиҳат гирад. Арасту ба ӯ шогирди хеш, Калиссфенро ки хеле файласуфи боқувват буду вале ба қоидаҳои дар боло овардашуда риоя намекард, пешниҳод мекунад. Дар вақти яке аз сафарҳо Калиссфен ба Искандар ҳама камбудиҳоро рӯирост ва пурра чунон гуфт, ки бо фармони Искандар ӯро ба дор кашиданд, яъне рӯирост баён намудани камбудиҳо ба ягон пешво ва роҳбар ҳеҷ гоҳ писанд намеояд.

  1. Танқиди бевоситаи роҳбар, ин хатои вазнини кормандону зердастон мебошад. Барои ба ин хато роҳ надодан, мардони хирадманд ва донишмандони дарбори шоҳони бузург усули тавсириро истифода карда, тасвирҳои азоби ҷонвари дусара ё ба қафо паридани парранда ва ғайраро дар ҷойҳои намоён мегузоштанд, ки чашми роҳбар тасодуфан ба он расад. Ривоят мекунанд, ки дар дарбори подшоҳ Луқмони Ҳаким вазири хирадманд буд. Ва мушоҳида мекард, ки подшоҳ аз ҳад зиёд аз худ дар ғафлат шуда, ба зулму ситам даст мезад, дар вақти шикор номаълум роҳро ба назди манзилгоҳи подшоҳони гузашта гирифта, таклиф менамояд, ки зиёрати қабристон кунанд. Дар вақти зиёрат номаълум ба сари гӯре истода, оид ба адолату боигарии яке аз подшоҳони гузашта ҳарф мезаданд, ки чӣ қадар сарбоз дошту канизу молу мулк, чанд сол подшоҳӣ намуд ва кадом хислатҳои футувватро доро буд. Баъди сафар ҳис карда мешуд, ки подшоҳ хулосаи зарурии мусбӣ бароварда, зулму ситамро хеле кам мекард.

  2. Дар назди роҳбар худро доно нишон дода, ҳама корро пурра иҷро кардан. Вақте ки ягон пешниҳодро барои роҳбари болоӣ иҷро мекунед, ҳатман баъзе ҷояшро нотамом монед, то ин пешниҳод аз тарафи роҳбаратон пурра гардад. Бо ин роҳ Шумо ҳам ақидаи худро пурра мекунед ва ҳам онро аз ҳисоби суханони роҳбари болоӣ мустаҳкам намуда, ӯро барои иҷрои мақсади хеш истифода мебаред.

  3. Аз вазифаи гузошташуда берун баромадан. Аксар маврид мо дар он андешаем, ки аз супоришу вазифа корро барзиёд иҷро намоем, моро таърифу тавсифи зиёд мекунанд, аммо дар асл аз ҳад зиёд аз пеши худ иҷро кардани вазифаҳо бар чашми роҳбар писанд нест ва як шакли худнамоӣ қабул карда мешавад.

пешина
аз 566
навбатӣ