Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ҳаракат намоед, ки қобилияти баланди эҷодии хешро ба мақсади дастгирӣ ва аз номи роҳбар ба ҷо биоред. Дар ҳолати дигар хато мебуд, агар дар маҳфиле, ки роҳбар иштирок дошта бошад, Шумо худнамоӣ карда, эҷодкорӣ намоед. Доимо дар куҷо қарор доштани худро донед, вагарна худ ғуломи роҳбар мегардед. Инчунин, кӯшиш намоед, ки дар ҳузури коллектив касеро паст назанед ва ба муноқиша даъват нанамоед.

Дар охири ин мавзӯъ ба хонандаи азиз муроҷиат карда гуфтанӣ ҳастем, ки шояд дар ин доираи маҳдуд мо натавонистем ҳамаи паҳлӯҳои футувватмандӣ ва некномии роҳбариро муфассал баён намоем, вале мо боварӣ дорем, ки дар мавзӯъҳои оянда онро пурра хоҳем кард.

48.2. Худро аз нав кашф намуда ба қадри кормандон расидани роҳбар

Чуноне ки дар қисми 2-3-юми китоби менеджмент қайд намудем, вақте Шуморо ҷамъият ба зинаи 3-юми аҳромии талаботи инкишофи роҳбарӣ баланд мебардорад, аллакай маҷбур ҳастед, ки худро аз нав кашф намоед, яъне аллакай он фарде, ки то ин вақт фақат барои хеш кору фаъолият мекардед, нестед. Акнун на фақат андешаи хеш, балки пеш аз ҳама андешаи тамоми кормандонатонро карда, ӯҳдадор ҳастед, ки хислату рафтору гуфтори хешро ба он тарафе тағйир диҳед, ки мардум онро интизоранд. Аллакай, бояд аз аксари одатҳои пешин даст кашида, худро аз нав ҳамчун роҳбар эҷод намоед ва бурди калон ҳам мекунад, агар бо кӯшиши худ аз худ роҳбар эҷод созед. Дар сурати аз ҷониби дигарон иҷро гаштани ин амал Шумо ҳамчун актёр фақат нақшро бозӣ карда, ба мазмуну мундариҷаи он шинос шуда ва онро дарк карда наметавонед.

Аксари мутахассисон дар он ақидаанд, ки барои аз иҷрои ин вазифаи мушкил баромадан ҳар як роҳбарро зарур аст, ки донишманд, ҳалим, пуртоқат, номаълум, лағжонак, афсонавӣ, дӯсти мардум, такрорнашаванда, дастнорас, қавирода, шуҷоъ ва ҳушёру чолок бошад. Ин гуна шахсиятҳо донишу диндорӣ,

пешина
аз 566
навбатӣ