Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ислоҳи он кӯшед, чунки вақте роҳбари болоӣ ҳастед, хатои корманди поёнӣ ин хатои Шумо ҳисобида шуда, ба роҳбариатон таъсири манфӣ мерасонад. Дар таҷриба мо ҳолатҳоеро мушоҳида мекунем, ки ҳатто вазирон аз бетаҷрибагии роҳбарӣ оид ба хатоҳои кормандони худ дар ҳама ҷо ҳарф мезананд ва пас аз мӯҳлате пай мебаранд, ки бо ин рафторашон бар пояи роҳбарии хеш теша задаанд. Дар ин маврид аксарият онҳоро ҳамчун вазир гунаҳгор ҳисоб мекунанд, ки аз пайи ислоҳи камбудиҳо нашуда, овозаҳо аз минбари баланд кардаанд.

Бинобар ин, новобаста аз сатҳи роҳбарие, ки қарор доред, ислоҳи камбудии роҳбариатонро худатон иҷро мекунед, на роҳбари боло ва на мардуми оддӣ. Аз ин хотир, қадрдонии худ ва қадрдонии корманд бояд ҳамчун хислати хосу ҷавонмардии ҳар як роҳбар қарор гирад. Чуноне ки бузургон мефармоянд:
Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд, Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст.

Ривоят мекунанд, ки рӯзе Луқмони Ҳаким аз кӯча мегузашт, ки ногоҳ бехираде ӯро бо овози баланд дашном дода, санг партофт. Луқмони Ҳаким ӯро дида, «Ин қадар барои санг партофтан ба ман азоб кашидӣ, наздик биё муздатро гир» — гӯён чанд танга ба бехирад дод. Ва боз ишора кард, ки он мардоне, ки рафта истодаанд пули зиёд доранд, ба онҳо низ санг зану ҳақорат деҳ, то музди зиёдат диҳанд. Бехирад бовар кард ва ба он мардон низ санг заду дашном дод, онҳо ба ивази ин амалаш ӯро чунон лагадкӯб карданд, ки бехирад тамоми умр азоби дасту пои шикаста кашид.

Мақсад аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки агар хирадманд ба санги задаи Шумо ҷавоб нагардонад, боз ҳаст қуввае, ки ба сангзанон ҷазои муносиб медиҳад. Аз ин ҳикоя нуқтаи дигарро низ бояд иброз намуд, ки аксар роҳбарони хирадманд зиракиеро истифода мекунанд, ки қувваи бади рақиби худро бо дигар тараф андохта, худ дар канор меистанд.

Агар мо роҳбареро бибинем, ки фақат як худаш тамоми корҳоро иҷро
карда, шабу рӯз меҳнат мекунад, ин ҳеҷ гоҳ нишонаи кордонӣ ва хирадмандии ӯ
намебошад. Роҳбари хирадманд кормандони худ ва қобилияту дониши онҳоро
қадр карда, мекушад, ки аз онҳо самаранок истифода бурда, бо ташкили як
дастаи пурқуввати роҳбарӣ кору фаъолият намояд, чунки вақте роҳбар ҳама

пешина
аз 566
навбатӣ