Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

корро худаш иҷро мекунад, хоҳ нохоҳ ба коре ки махсуси роҳбар нест, даст зада, албатта, ба хато роҳ медиҳад ва мавқеашро ҳамчун роҳбар коста месозад.

Мисол, вақте ки ректори Донишгоҳ дар вақти комиссияи қабул вазифаи дарбонро иҷро карда, ба назди довталабон мебарояд ва онҳоро барои супоридани имтиҳон даъват менамояд, ин нишонаи ноуҳдабароии фаъолияти ӯро нишон дода, касе ӯро донишманд ва ё ҳақиқатпараст намегӯянд. Танҳо ҳамон вақт ӯ аз уҳдаи ташкили одилонаи имтиҳони қабул мебарояд, агар шаффофияти имтиҳонро барои падару модар ва мардум ба навор гирифта, дар назди экран нишон дода тавонад. Дар ин маврид мардум ҳатто сурати ректорро надида бошанд ҳам, садҳо офарин мегӯянд ва мартабаю роҳбариаш устувор мегардад.

Дар хиради роҳбарии тоҷикон гуфта мешавад: роҳбар бояд кору фаъолиятеро иҷро намояд, ки бевосита вазифаи муқаддаси ӯст ва дигар вазифаю корҳоро ба мутахассисон ва кормандоне, ки вазифадоранд, супориш дода, иҷрои онро софдилонаю саривақт талаб намуда, мақсадгазорӣ ва ояндабинии стратегиро таъмин созад.

Доимо кӯшиш намоед, ки аз роҳбарии мо созандагӣ, некию ҳақиқатпарастӣ пайдо гашта, ба мо бовар кунанд. Ҳамеша худро дар ҷустуҷӯ ва омӯзиши талаботи мардум қарор дода, миқдори одамонеро, ки ба Шумо эътимод доранд, ҳар чӣ қадар тавонед, зиёд намоед. Хислати одамӣ чунин аст, ки онҳо доимо ба ҷавонмардони шуҷоатманду олийҳиммат бовар мекунанд. Агар роҳбар маҳз азми ба ин боварӣ сазовор гаштанро пеша кунад, он гоҳ, албатта, ба мақсади хеш мерасад. Барои ин ба кормандону атрофиён пойдевори боварӣ сохтан лозим аст, ки асосашро қобилияти дарки масоил ва дақиқии фикри андешаронӣ ташкил медиҳад, ки мо дар мавзӯъҳои пешин бароятон гуфта гузаштаем. Дар ин мавзӯъ мо фақат илова кардани ҳастем, ки барои сазовори боварии мардум гаштан, дар атрофи худ шахсони донишманду хирадмандонеро ҷамъ оред, ки ба онҳо эътимод дошта бошед.

Барои дарёфти ин гуна даста, роҳбар бояд дорои чунин хислатҳо бошад:

  1. Барои кормандони худ содда ва номуайян будан. Доимо диққатҷалбкунанда будан. Ин фаъолиятро бо роҳи иҷрои вазифаҳои хоси роҳбарӣ метавон ба даст овард, яъне дар мавриди ибрози андеша бояд чунон сухан гӯяд, то кормандон бовар кунанд, ки ин ақидаи нав аст,
пешина
аз 566
навбатӣ