Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Маҳз нотакрории роҳбар дар ин ҷода бояд кормандонро чунон ба ҳайрат биёрад, ки аввалан ӯро ҳамчун шахсияти хирадманди доимо ба меҳнат додашуда қабул намоянд ва дуввум, ба хиради волои истифодабарии самараноку қулайи вақт баҳо диҳанд. Доимо суръати иҷрои корҳоро назорат карда тавониста, вақтро ҳамчун ченаки сифатӣ истифода бурда, ба рақиб ҳар чӣ зудтар ҳамла овардан лозим аст, ки вақти андешаронӣ пайдо карда натавонад, чунки вақте барои фикрронӣ имкони зиёдтар доред, қобилияти ояндабиниятон беҳтар гашта, устувории ақидаи худро бо андеша ва интихоби фикри солим мустаҳкам карда, дилпурона қадам мезанед. Аз дигар тараф, бароятон муҳити фазои паҳновар пайдо гашта, имкони истифодаи захираҳо бештар мегардад.
Дар табиат агар ба баландии парвози Уқоб назар афканед, дар ҳақиқат ин паррандаи баландпарвоз имконоти фазоро соҳиб аст ва аз он ҷо нишон гирифта сайди худро аз замин чунон чолокона мегирад, ки ҳатто парранда аз чанголаш имкони халосӣ надорад. Айнан нотакрории роҳбар бояд ба суръату фазои баланди парвози Уқоби кӯҳӣ шабоҳат дошта бошад. Дар ин ҳолат рақибон ба нотакрориатон оҷиз мемонанд.
Пас, бояд гуфт, ки дар баробари парвози Шумо нисбат ба рақиб баландтар будан, имконатон барои шикори сайд зиёд гашта, ҳалли масоили ҷории роҳбариатон мушкил набуда, худро доимо дар сатҳи парвози баланд нигоҳ медоред. Вале, дар сурати ба ҳалли масоили имконнопазир даст зада, вақти пурқиммати худро сарф намудан, барои иҷрои масоили ҷорӣ низ фурсат намеёбед. Чуноне ки дар гуфтори халқи тоҷик омадааст: «Рӯзе хараке думи худро гум карда, дар ҷустуҷӯи он тамоми ҷойҳои гаштан худро давр мезанад, аммо намеёбад ва гурусна монда ба боғи ангур медарояд, то шикамашро сер кунад, вале боғбон ин ҳолро дида, дар ғазаб мешавад ва кордро гирифта, ду гӯши харро мебурад. Аз ҳамон вақт ин ҷониб чунин гуфтор дар байни халқи тоҷик паҳн шудааст:
Мискин харак орзуи дум кард,
Ноёфтаи дум ду гӯш гум кард.
Дар ҳақиқат ба масоили ҳалнашаванда даст зада, роҳбар метавонад, имконоти мавҷудаи иҷрои мушкилоти дигари худро аз даст диҳад. Ҳатто роҳбарони пурқудрат низ метавонанд ба ин аҳвол гирифтор шаванд. Чунончи ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор