Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ҳолатро мо дар ҳуҷуми президенти ИМА, Буш ба давлати Ироқ мушоҳида намудем. Дар натиҷаи хоҳиши беадолатонаи имконнопазири худ як давлати абадқудрат натавонист, ки дар як давлати хурди Шарқ мақсади худро амалӣ гардонад. Ин ҳолат оқибат ба заиф гардидани ҳокимияти Буш оварда расонидааст.

Дар ин нуқта мо таъкид бар он дорем, ки хоҳиши баланди ҳалнопазир ва ночизи паст низ боиси аз Шумо дур гаштани объект буда, беназоратии он ба мавқеи роҳбариатон эҳтимоли таъсири манфӣ расонидан дорад. Махсусан, вақте ки ба кору бори рақиби ночизи худ диққати махсус равона месозед, ин боиси аз пешравӣ боз монданатон гашта, аз рақибони баландпарвози хеш дур мемонед.

Ҳатто, дар мавриди рақиби ночизи худро мағлуб намудан ҳам, дар назди атрофиён як муҳити норизогии рафторатон мушоҳида мешавад, ки нооқилона ва носолимона баҳогузорӣ шуда, нисбати ҳокимияти хеш хусуматро зиёд месовед.
Беҳтараш худро аз муҳити рафтори паст нигоҳ дошта, берун созеду ҳампарвози Уқоби кӯҳӣ гардед.

Дар хиради менеҷменти тоҷик таъкид карда мешавад, ки Шумо образи олиро ба даст оварда, таваҷҷӯҳи аксариятро ба худ ҷалб менамоед. Ба худ ишораҳо ва рафторҳои нотакрори роҳбариро одат кунонида, диққатҷалбкунандагиеро нигоҳ доред, ки ба атрофиён лаззатбахш ва тасаллодӣҳанда бошад.

Дар назар дошта бошед, ки муваффақиятҳои роҳбарӣ ба он вобастагӣ дорад, ки кадом роҳро интихоб менамоед. Роҳ бояд кӯтоҳ ва камхарҷ бошад.
Барои ин доимо кӯшед, ки аз нигоҳи бади мардум худро дар канор гирифта, ба муқобили он наравед. Зиракию чолокӣ ва гуногунҳолатии рафтори роҳбариатон дар ин ҷода кӯмак мерасонад ва ҳар замон усулеро истифода баред, ки барои рақиб нофаҳмо ва нотакрор буда, аз иҷрои он бедарак монад. Пас, барои ин доимо дӯстдории фаъолияти роҳбарӣ, дӯстдории зиндагӣ ва муҳит лаҳзае дар чашму дилатон хомӯш нагашта доимо бояд аланга зада истад. Ҳар як ҳодисаи зиндагиро ҳамчун санаи таърихии такрорнашаванда қабул намуда, ӯро тантанавор бояд истиқбол намуд, аз сар гузаронид ва сараландона гусел кард.
Барои ин хуб мебуд, чӣ хеле ки пештар таъкид карда будем, қаҳрамони асосии худро аз таърих интихоб ва шуҷоатмандии онро дар худ таҷассум карда, аз худ

пешина
аз 566
навбатӣ