Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Сарвари доно ҳеҷ гоҳ бояд ба ин роҳ надиҳад, чунки ҳар як ҳодиса ва рӯйдод дар навбати аввал ширину дилчасп тофта, баъд аз муддате пай мебаред, ки нокифоя аст ва ё мувофиқи табъу хоҳишатон нест. Аз ин ҷост, ки мехоҳед монанди қаҳрамони таърихие роҳбарӣ намоед ва ё қобилияти Шумо бояд аз роҳбари пешина ду маротиба баландтар бошад ва мардум онро эътироф намоянд. Хуб мебуд ин ҳолатро ислоҳ карда, роҳи навини худро интихоб намоед, ки бароитон осонтару имконпазир ва роҳи аслӣ эҷодкардаатон буда, хусусияти махсуси фарқкунандаи худро дошта бошад. Чуноне ки мо инро дар ҳикояи «Зор ва кабк» дар боби 44-уми ҳамин китоб бароитон гуфта гузаштаем.
Яке аз талаботҳои ҳокимият ин қобилияти иваз карда тавонистани шахсони заифу карахтшуда ба кормандони эҷодкору қобил мебошад. Танҳо баъди бартараф намудани муҳити заифу носолими роҳбарӣ метавон ҳолати навинеро пайдо кард, ки барои пойдевори ҳокимияти нав шароит пайдо месозад. Стратегияи роҳбарӣ дар ин ҳолат гуногун мебошад. Гурӯҳе бо роҳи инқилоб роҳбарияти кӯҳнаро пурра сарнагун карда, ҳокимияти нав барпо месозанд, аммо бояд гуфт, ки ин стратегия аллакай кӯҳна шудааст ва хоси замони мо намебошад.
Роҳи дуввум бо гузаронидани интихобот ва ғалаба ба даст овардан. Дар натиҷаи овоздиҳии мардум ба сари қудрат омада, ҳокимияти нав барпо месозанд.
Роҳи сеюме, ки баъзе пешвоён қабул доранд, ин иваз кардани қасрҳои подшоҳӣ ва ба дигар ҷо кӯчонидани маркази давлатҳо.
Бо ин роҳ, онҳо аз сохтори кӯҳна даст кашидани худро вонамуд сохта, ҳамчун сарвар бе дастаи қаблӣ ба сохтори навин мегузаштанд. Дар ин сурат барои аз ҳолати ғуломии сохтори кӯҳна халосӣ ёфтани роҳбари нав зарур аст, аксари рӯзҳои ҷашнҳо, сохтори ноҳияву вилоятҳо, ташкилоту идораҳо, номҳоро ва ҳатто бозиҳою мусобиқаҳои давлатиро дигаргун созад. Ҳеҷ гоҳ кормандонро барои дар заминаи сохтори кӯҳнашуда кор кардан маҷбур насозед ва худро низ қурбони ҳолатҳои кӯҳна нанамоед, чунки мӯҳлати сохтори кӯҳна мувофиқи қоидаи даврагии ҳокимият ба охир расида, камбудиҳои зиёде дорад ва гарчанде дар назари Шумо ва дигар кӯҳнапарастон хуб ва тасдиқгашта ва одатшуда намояд, аммо дар асл корхонаро аз пешравӣ мемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор