Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ривоят мекунанд, ки вақте Луқмони Ҳаким роҳбари корхонае таъин шуд, яке аз кормандон ба ӯ китоберо нишон дод, ки дар он ҳамаи ҳолатҳои муноқишаҳо ва иштироккунандагон ва роҳи ҳалли онҳо аз тарафи роҳбари кӯҳна нишон дода шуда буд. Луқмон мепурсад, ки аз ин китоб дар корхона чанд дона мавҷуд аст? Панҷто - ҷавоб дод корманд. Фармуд, ки он китобҳоро пайдо карда сӯзонанд. Ва илова кард, ки ман дар айни замон сарвар ҳастам, ҳар як ҳодисаро аз нав дида, таҳлил карда, қарори нав қабул менамоям. Қобили зикр аст, ки чунин таҷриба низ аз фоида холӣ нест.

Ҳолати дигаре, ки дар аксари корхонаҳо мушоҳида карда мешавад, ин имкон додан ба шахсони бадхоҳе мебошад, ки дар ташкилот пештар мавқеъ доштанд ва ба кормандон таъсир расонида метавонанд. Агар Шумо роҳбари нав ба онҳо имкон диҳед, ки ба кормандон таъсири худро расонанд, он гоҳ ҳокимиятатон ҳеҷ гоҳ мустаҳкам нагашта, баръакс хароб мегардад. Бо чунин шахсиятҳо маслиҳат ва ҳамкорӣ манфиат надорад. Кӯшиш намоед, ки онҳоро аз коллектив дур ва ё ақалан, доираи ҳокимияташонро маҳдуд созед. Дар натиҷа онҳо худашон баромада ба корхонаи дигар барои давом додани хислатҳои ғайримақбули хеш мераванд.

Агар таҳлил намоед, дар дохили ҳама гуна ҷамъият сарчашмаи нооромӣ ва норизоиро дар кормандони алоҳида метавон пайдо кард. Ин гурӯҳи одамон доимо норизо буда, ба роҳбарият муқобил меистанд. Ҳолатҳое низ мушоҳида мешаванд, ки ҳанӯз ба кор оғоз накардаед, аллакай норизогии онҳо оиди масъалае ба миён омадааст. Ин гуна ашхос ду намуданд.

Якум, гурӯҳи одамоне, ки дигаронро пеш равона сохта, худашон дар ақибгоҳ меистанд.

Гурӯҳи дуввум онҳое мебошанд, ки бевосита худашон ба Шумо ҳуҷум карда, ҳокимиятатонро барҳам медиҳанд.

Дар хиради менеҷменти тоҷик таъкид карда мешавад, ки ба ин гурӯҳи одамон бастани шартномаи ҳамкорӣ, маслиҳат кардан ва умуман дигар кардани онҳо ғайриимкон буда, вақтатонро беҳуда сарф ва асабатонро хароб насозед. Барои як нафар ё гурӯҳ тамоми коллективро ба бадбахтӣ гирифтор менамоед. Аз ин рӯ, ин гуна одамонро ҳар чӣ зудтар муайян ва аз коллектив дур сохтан лозим аст. Чунончи Луқмони Ҳаким ривояте дорад: «Рӯзе гургон ба рамаи

пешина
аз 566
навбатӣ