Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гӯсфандон намояндаи хешро фиристонида маслиҳат мекунанд, ки биёед сулҳ бубандем, чунки аслан мо ба Шумо душман нестем, вале ҳамин сагони бадхоҳ бо ҷақидани доимиашон ва мавҷудияташон дар атрофамон, моро намегузоранд, ки мо дӯсту бародар бошем. Сагҳоро аз наздатон дур кунед ва мо доимо ҳамроҳатон дӯстона зиндагонӣ мекунем.

Гӯсфандони бечора ба гургон бовар карда, худашонро аз сагонӣ, ки тамоми умр вафодор буданду бо онҳо дӯстии қадима доштанд, аз худ дур сохтанд. Дар натиҷа гургон рамаи гӯсфандонро дар дашт танҳо дида, ҳамаашонро пора - пора карда хӯрданд.

Ҳолати дигарро низ бояд роҳбарон дар хотир дошта бошанд ва таърихи давлатдорӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳокимиятро сулолаҳои пешқадаму пурқуввати одамон солҳои тӯлонӣ аз насл ба насл мерос гузошта, роҳбарӣ мекарданд.
Солҳои охир шакли ин гуна ҳукмронӣ дигар шуда бошад ҳам, аммо мазмунан қоида ва усулу функцияи он дигар нашудааст, чунки ҳокимият худ пурқувватиро талаб мекунад ва одамон барои ҳокимияти пурқувват талабот дошта, дар атрофи он муттаҳид мегарданд. Бинобар ин, дар кадом зинаи идоравие набошад, ҳокимият дар дасти 1 - 2 нафар буда, дигарон дар атрофи онҳо давр мезананд, чунки табиати одамӣ ҳамин аст ва ҳатто муҳитро бибинед, ки тамоми сайёраҳо дар гирди офтоби пурқувват давр мезананд ва офтоб ба қувваи бузургии худ онҳоро нигоҳ дошта гармию рӯшноӣ медиҳад.

Пас, роҳбаре ки ин ҳолатро дарк намекунад ба хато роҳ дода, мафҳуми ҳокимият ва қувваҳои нигоҳдорандаи ҳокимиятро пайхас накарда, вақтро беҳуда гузаронида ҳукмронро бармаҳал аз даст медиҳад. Дар хотир бояд дошт, ки шахсони хирадманд ҳеҷ гоҳ вақти роҳбариро беҳуда намегузаронанд. Онҳо ҳарчанд зоҳиран вонамуд менамоянд, ки ҳокимият дар байни гурӯҳи одамон тақсим аст, вале дар асл медонанд, ки ба чӣ қодиранд ва бо кадом роҳҳо ҳукмронӣ намоянд ва баробари ба миён омадани ҳолати ногуворе пай мебаранд, ки ташкилкунандаи асосӣ киҳоянд. Чунин ҳолат дар илми тиб низ собит аст ва бисёр маврид сабаби дар оила гирифтори бемории сирояткунанда шудани аъзоён фақат як аъзои он мебошад, аз куҷое мубталои ин беморӣ гаштааст.
Шумо ҳамчун сарвари доно, вақте бо роҳи мушоҳида муайян менамоед, ки сабаби бемории коллектив кист, бояд наҳаросида онро дар ҳузури коллектив

пешина
аз 566
навбатӣ