Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

пайваста дар мубориза мебошам ва аз ин хеле хушнудам, ки маҳз аз ҳамон нуқта муборизаро оғоз кардаам. Инчунин, медонам, ки аксари одамони баландмақом низ дар натиҷаи муборизаҳои гуногуни ҳаётӣ ба комёбиҳои калон ноил гаштаанд. Аз гуфтору рафтори ин гуна одамон маълум мегардад, ки мукофоти асосии дар натиҷаи ин муборизаҳо ба даст овардаашон дарёфти озодии фаъолият ва нотарсӣ аз нобарориҳои зиндагонӣ мебошад.

Аз ин ҷо қашшоқиро як натиҷаи танбалии инсонҳо низ метавон гуфт, ки намехоҳанд мубориз бошанд, чунки қашшоқӣ ин нобудшавӣ буда, мубориза барои ҳаёт аст. Масалан, аксари одамони давлатҳои пешқадами дунё аз ягона чизе ки метарсанд, ин қашшоқӣ аст.

Қашшоқӣ бесавод мондан, аз худ огоҳ ва соҳибкасб набудан, саломатии хуб ва молу мулк надоштан ва дигар ҳолатҳои нобудшавӣ, ки ба инсони комил хос намебошад, номида мешавад.

Хонандаи азиз, ба ин мавзӯъ диққат додани мо низ бо он мақсад мебошад, ки ҳар як фарди соҳибақл ва сарварони доно бо дарки ин масоил пурра сарфаҳм раванд ва то андозае тавонанд барои раҳои ёфтани атрофиёни худ ва кормандону аҳли оилаи онҳо аз ин бемории сирояткунандаи иҷтимоии мардум, ки дар солҳои охир дар Тоҷикистони мо низ пайдо гаштааст, муборизаи беамон бубарем. Дар тамоми расонаҳои ахборӣ ва васоити иттилоотӣ роҳҳои халосӣ аз ин ваборо ба мардум фаҳмонда додан бояд аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як роҳбари соҳибақл гардад. Ин бемории сирояткунанда дар хонаи қариб ҳамаи мо тоҷикон пайдо гаштааст ва агар роҳи табобати худро наёбем, пас дар сар то сари мамлакат паҳн шуда, тамоми ҷисми солимро низ ба доми худ мекашад.

Бояд гуфт, ки ақли фарзандони хурди мо ҳанӯз барои дарки ин бадбахтӣ нокифоя аст, аммо вақте ба воя расида қобилияти дарки масоил пайдо мекунад, аллакай дер мешавад. Бинобар ин, дар кӯдакӣ бояд ба фарзанд такрору ба такрор баён созем, ки бесаводӣ, бедонишӣ, бекасбӣ, бемолиқиятӣ, носолимӣ, бе ҷои кор мондан ин бадбахтист, ин нобудкунандаи ҳамаи орзую умедҳост, ин дӯзах аст, ин нобудшавист ва ғ.

Барои ин мо бояд пайваста инро ба самъи кӯдакон, падару модарон ва
сарварон бирасонем, ки тамоми чораҳоро бибинанд, то насли оянда аз ин вабо

пешина
аз 566
навбатӣ