Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

баромадан буда, ҳар як фарди соҳибақл худро идора намуда ин сарватҳоро метавонад ба даст орад.

Бояд гуфт, ки ҳар як ҳолати нобарориро таҳлил карда, роҳбар роҳи ҳақиқатро пайдо месозад ва дар навбати худ ҳар ноомади кор боз муваффақиятҳо низ дорад. Агар дар зиндагонӣ шумо дар зинаҳои аввали кашшоқӣ қарор дошта бошед, хуб мебуд ба ҳақиқати хол назар афканда, барои ҳафт нишонаи сарватмандӣ, ки дар боло таъкид кардем, мубориза бурда, осудаҳолона зиндагӣ мекардед. Одамони донишманд ин гуна ҳолатро ҳамчун имконоти ба по рост гаштан қабул намуда, худро ба мубориза тайёр менамоянд, яъне шуморо як қувваи дигари илоҳӣ ҳидоят ба он месозад, ки роҳи ба худатон заруриро пайдо карда, ба пеш ҳаракат намоед. Инчунин, хуб мебуд мардуми камбизоат ин ҳолатро як навъ ғазаби Худо барои иҷро накардани мақсадҳои мувофиқ қабул ва хулосабарорӣ намуда, раванди зиндагии худро тағйир диҳанд. Ҳолате, ки инсонҳо онро идора карда наметавонанд, беихтиёр онҳоро ба камбизоатӣ меорад. Бинобар ин, хуб мебуд, ки камбизоатиро ҳамчун як ченаки заифии шахсони ба ин ҳол афтода қабул намуда, вобаста ба он кору фаъолият намоем.

Албатта, дар зиндагонӣ мо ҳолатҳоеро мушоҳида менамоем, ки одамон як маротиба ба ягон ҳолати вазнини зиндагӣ гирифтор гашта, дарҳол аз роҳ баромада, ба майзадагӣ, оворагардӣ ва ё ба дигар намуди бемориҳои ҷисмонӣ гирифтор гашта, худро зуд аз даст медиҳанд. Ҳар яки ин одамон дар ташкилот ва ё корхонае кору фаъолият мекарданд. Аз ин ҷо вазифаи мо ҳамчун роҳбар маҳз аз он иборат мебошад, ки кормандони худро аз ин ҳолатҳои рӯҳию иҷтимоӣ халос карда, дастгирӣ намоем. Инчунин, гурӯҳи одамон ва қитъаи табиат, ба сарвари хоҷагӣ ва ё раиси маҳалла вобаста мебошад. Вазифаи ин роҳбарон бояд дар дастгирӣ ва аз ҳолати бӯҳронӣ баровардани ин гуна шахсон ва гӯшаҳои табиат ифода ёбад.

Пас, мубориза ба муқобили камбизоатӣ бояд яке аз вазифаҳои муқаддаси менеҷменти муосири тоҷик ва ҳар як фарди бономуси ин ватан ҳисоб ёбад ва аз роҳҳои асосии ташаккули босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар оянда гардад.

пешина
аз 566
навбатӣ