Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Ҳунармандию аспсаворӣ ва шамшерзанию паҳлавонӣ қисми пайвастаи тарбияи фарзанди тоҷик ба ҳисоб мерафт.
Сарвари доно дар оила — падар, дар ҷамъият подшоҳ, амир ва ё сардор, дар мактаб устод боэҳтиромтарин ва хирадмандтарин одамони ҷамъияти тоҷикон буданд. Намуди зоҳирӣ, саломатӣ, тарзи хӯрдани хӯрок ва пӯшидани либос низ тозаю озода ва бонизом буда, мардуми тоҷик аз дигар миллатҳо бо ин рафторҳои худ куллӣ фарқ мекарданд.
Аз ин хотир, мақсади асосии давлатдории миллати тоҷик ва ҳар як фард бояд пеш аз ҳама барпо сохтани ҷамъияти солими инкишофёфтаи дунявии ҳуқуқбунёди демократие бошад, ки дар он ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи озоди зиндагӣ кардан дошта, маълумот гирад, меҳнат кунад ва аз сарватҳои мавҷуда самаранок истифода карда тавонад. Маҳз, касбандӯзӣ ва донишомӯзӣ пойдевор ва сарчашмаи тамоми мақсадҳои дигари инсонӣ ба ҳисоб рафта, моро ба тамоми орзуҳои некамон бурда мерасонанд.
Оид ба ин масоил мо дар мавзӯъҳои гузашта муфассал истода гузаштаем. Дар ин ҷо танҳо таъкид карданием, ҳар як фарди тоҷик вазифадор аст, ки на фақат дониш дошта бошад, балки вай пайваста дар худ ҷаҳонбинии солимро тарбия карда, бо истифода аз имконоти ақлонии худ эҷоди кашфиёт намояд ва дар сохтмони давлати миллии худ саҳмгузор гардад.
Дар баробари инкишофи маънавӣ ёфта, соҳиби маълумоти баланди касбӣ гаштани мардум имконоти инкишофи иқтисодию иҷтимоии мамлакат афзуда, шароити хуби инкишофи босубот пайдо мегардад. Чӣ хеле ки дар бахшҳои аввали китоби мазкур гуфта гузаштем, инсон ҳар қадар дониши баланд гирад ва шахсияти донишманду хирадманд гардад, ҳамон қадар майдони хизматаш ба ҷамъият васеъ гашта, меросаш ҳазорсолаҳо боз ба халқ хизмат менамояд. Аз ин хотир, баробари дар ҷамъият зиёд гаштани роҳбарони хирадманду донишманд муносибатҳои инсонӣ дар ташкилоту идораҳо ва умуман мамлакат хуб ва муҳити солими сулҳу осоиштагӣ пайдо гашта, мардум хушбахтона кору фаъолият менамоянд. Сарваре, ки дар бораи инкишофи ақлонию ҳунармандии хеш ва ба андешаи ободии халқу ватан меҳнат менамояд, аз ҷумлаи мардони асили тариқат буда, идомадиҳандаи хислати баланди аҷдодии миллати тоҷик мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор