Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

нисбат ба мо садҳо маротиба бештар қувваи ҷисмонӣ доштаро мутеи худ менамоем.

Бояд гуфт, ки илми тарбия шоҳроҳи асосии донишмандӣ буда, моро ба қуллаҳои баланди умедҳои неки инсонӣ мерасонад. Дониши ҳаматарафаро инсон дар натиҷаи омӯзиши амиқ ва рафтору муомилаи ҳалим ба инсонҳо аз худ карда, бо пайдо намудани боз андозаҳои нави фаҳмишу дониш, майдони фаъолияташ васеъ гашта, манфиаташ ба оламу одам бештар мегардад.

Мо оиди зарурияти маълумот ва шаклҳои он дар Тоҷикистон дар қисми 3-юми китобамон муфассал гуфта гузаштаем ва дар ин ҷо фақат манфиати маълумотро барои ташаккули сарвари оянда таъкид менамоем. Чунончи халқи тоҷик мефармояд:

Барои одамӣ дар рӯи олам,
Бувад болотарини рутбаҳо илм.

Бояд гуфт, ки донишу илму ҳунар ин ганҷинаи бузурги инсон мебошад, ки дар тамоми давру замон на фақат шахси соҳибилм, балки атрофиёну ҷомеа ва ҳатто миллату халқҳоро аз роҳи бад гардонида, аз гуруснагӣ наҷот дода, аз нобудшавӣ эмин дошта, пурқуввату пургайрат ва ба созандагӣ ҳидоят менамояд.
Ин чарогест, ки ҷаҳонро то имрӯз равшанӣ дода омадааст ва дар оянда низ нурафшонӣ хоҳад кард.

Шахси соҳибмаълумот дар даст калиде дорад, ки дари ин қасри пурнурро мекушояд ва аз ганҷинаи ақлонии гузаштагони инсонӣ истифода карда, рӯҳу ҷони худро пурқувват мегардонад. Маҳз тавассути илм инсон худро аз олами торикӣ ба равшанӣ равон ва некро аз бад, дӯстро аз душман, ҳалолро аз ҳаром, зебоиро аз зиштӣ, сафедро аз сиёҳ ҷудо сохта, ҷавҳари барои инсони солиму хирадманд зарурро гирифта, чизи нолозимро аз худ дур месозад.

Маҳз дониш ақлро водор месозад, ки инсон ба ҳаракат даромада, ин ё он амалро иҷро намояд. Вақте ки дониши фарзанд ба ҷое расида, қобилияти дарки масоилро пайдо мекунад, эҷоду ихтирои нав шурӯъ менамояд. Инро меваҳои ширини дониш мегӯянд, ки ҳазорсолаҳо барои тамоми инсоният манфиатбахш аст.

Дар навбати худ, инсон тавассути илм ақли худро сайқал дода, қодир аст,
кашфиётҳои наве намояд, ки ақли инсони оддӣ онро пешгӯй карда наметавонад,

пешина
аз 566
навбатӣ